Бо чунин савол ба сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳсозии ноҳияи Ашт Зафтархоҷа Авлиёхоҷаев муроҷиат кардем.
- Ҳар вақте ки маблағ ба даст ояд, — ҷавоб дод ӯ.
Таъмири роҳ солҳост, ки мавриди таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияву вилоят қарор дорад.
- Баъзе аз қисматҳои роҳ солҳои 60 — уми қарни гузашта сохта шудааст, — гуфт Зафтархоҷа Авлиёхоҷаев. Тибқи ҳисоби пешакӣ, барои пурра навсозӣ кардан 100 млн. доллар маблағ зарур аст.
Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 32 тонна мум (битум) ҷудо кард, ки аз ин ҳисоб 360 тонна асфалт тайёр ва 840 метри мураббаъ дар роҳи номбаршуда ва 670 метри мураббаъ дар роҳи автомобилгарди «Қаҳрамон-Шайдон» истифода шудааст.
Овозаҳо дар бобати навсозии шоҳроҳи «Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон-Пунук»-и ноҳияи Ашт зиёд аст. Мардуми ноҳия аз рӯи ҳикмати «аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст» амал карда, умед доранд, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ин мушкил рафъ мегардад. Аз ҷониби дигар, навсозии роҳи зикршуда аҳамияти байналмилалӣ низ дорад.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»