Роҳи марказии ноҳия мумфарш мешавад

№117 (4700) 29.09.2023

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тамоми сох­торҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки ташаб­бусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд.

Соҳибкорони мамлакат ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсолию хизматрасонӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон равона менамоянд.

Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Шаҳринав соҳибкор Умар Кремлёв асфалтпӯшкунии роҳи  маркази ноҳияро оғоз кард.

Мавриди зикр аст, ки санаи 11-уми сентябри соли 2023 раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода дар оғози корҳои мумфаршкунии роҳи мошингард, ки дарозии он 8 км ва паҳноияш 10 метрро дар бар мегирад, иштирок намуда, барои иҷрои босифати кор ва ба талабот ҷавобгӯ барору муваффақият таманно намуданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»