Деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин даҳ деҳа ва 900 хоҷагӣ дошта, аз он то шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 16 км роҳ аст, ки 9 км ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва 7 км ба шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад.
Дар 32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳҳо таъмир нашудаанд. Мардум дар фасли зимистон, ки роҳҳо пур аз барф мегардад, ба шаҳри Кӯлоб рафтуо карда наметавонанд.
Маҷбур мешавем тавассути деҳоти Саричашма ба шаҳри Кӯлоб равем. Роҳкиро зиёда аз сад сомониро ташкил мекунад. Ин роҳҳоро, ки одамон дар солҳои 30-40-уми асри гузашта бо белу каланд бунёд карда буданд, дигар рӯи таъмирро то ҳол надидаанд. Роҳбарони муассисаи роҳдорӣ мегӯянд «ҳамаи роҳҳои кӯҳӣ таъмирталабанд, аммо мо маблағ надорем. Аз ҷумла, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва раиси ноҳияи Ш. Шоҳин Зафар Гулзода аз аҳволи ин роҳҳо дарак доранд, вале кормандони ДЭУ №38-и шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ш. Шоҳин кай аз хоб бедор мешаванд?
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур додаанд: «Мо бояд ба халқ хизмат кунем».
Ба тамоми кормандони ДЭУ №38-и шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ш. Шоҳин хотиррасон мекунем, ки мо бояд ин оину арзишҳоро риоя намоем, муҳити зист, деҳаю маҳали зист, шаҳру ноҳия, инчунин, роҳҳои кишварамонро ҳамеша тозаю озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем, чунки ин корҳо баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд.
Бо эҳтиром, сокинони деҳоти Чагам
Сафаралӣ Назаров,
Абдуназар Боронов,
Исроил Қурбонов,
Сайдалӣ Азимов,
Достӣ Кабиров