Роҳи нави оҳан бунёд меёбад

№ 27.04.2021

    Байни Тоҷикистон ва Узбекистон роҳи нави оҳан сохта мешавад. Дар ин бора дар шаҳри Душанбе протокол ба имзо расид.

  Зимни ҷаласае, ки 21 апрели соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ин ва дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ шуд.