Имрӯзҳо дар ноҳияи Рашт омодагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад. Ҳатто дар дурдасттарин маҳалҳои он шоҳиди талошҳои мардум мегардем ва эҳсос мекунем, ки онҳо бо умеду орзуҳои наҷиб кору зиндагӣ доранд.
Деҳоти «Аскалон» — зодгоҳи шоир ва донишманди бузург Мавлоно Камолиддин Ҷомии Сонӣ, шоири маъруф Муҳаммадшариф Гулханӣ, табиби мардумӣ Эшони Малеҳ, шоир ва кишваршинос Муҳтарам Ҳотам ва даҳҳо шахсияти маъруфи дигар бо манзараҳои дилфиребу иқлими нарм барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ воқеан ҳам мусоид аст. Имрӯзҳо сокинони заҳматпешаи он бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи биҳиштосо саъю талош доранд. Дар деҳаи Сафедтундак то ҳанӯз ҳавлии бобогӣ ва дарахте, ки онро Мавлоно Ҷомии Сонӣ шинондааст, побарҷост. Аҳолии деҳа ба нақша гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик ин мавзеи табаррукро ба тартиб оранд, то сайёҳон тавонанд бо зодгоҳи ин шахсияти бузург шинос шаванд.
Тавре Акмалиддин Тоиров — раиси Ҷамоати деҳоти «Аскалон», иброз дошт, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва ёрии сокинон роҳи мошингарди мавзеи Бирҷон бо масофаи 3 км ба маблағи 23 500 сомонӣ ва роҳҳои дохили деҳаҳои ҳудуди деҳот ба масофаи 27 км ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуд. Таъмири роҳи мошингарди деҳаи Гулханӣ то маркази ноҳия бо саҳми аҳолӣ ва маблағгузории соҳибкорон идома дорад.
Барои муассисаи таълимии деҳаи Кӯл, ки бинояш фарсуда шудааст, аз тарафи аҳолии деҳа ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ таҳкурсии бинои нав рехта шуд. Ҳамчунин, сохтмони пойдевори толори варзишӣ дар деҳаи Аскалон ба маблағи 10 500 сомонӣ аз тарафи ҷавонон ба анҷом расид. Чанде пеш се истгоҳ дар нуқтаҳои асосии роҳи мошингард ва чор иншооти зарурӣ дар шафати роҳҳо аз тарафи аҳолӣ бо саҳмгузории соҳибкорони деҳот мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ба масъалаи расондани кумак ба аҳолии ниёзманд низ диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Бо ин мақсад аз ҷониби ҷамоати деҳот ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва сарбозоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд, 24 тонна ангишт тақсим карда шуд.
- Соли 2019 сокинони деҳот ният доранд баҳри ободонӣ, дар муқоиса ба соли сипаригардида, саҳми бештар гузоранд. Аз ин рӯ, ба нақша гирифтем, ки дар даромадгоҳи деҳот — деҳаи Руноб майдончаи варзишии замонавӣ бунёд намуда, роҳҳои дохилии деҳаҳоро таъмири асосӣ намоем, зеро рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳолати роҳҳо вобастагии зич дорад. Омадурафти мардум ба деҳот зиёд мегардад ва маҳз роҳ метавонад барои ба ҳам наздик шудани одамон, ҳамдиливу дӯстӣ саҳм гузорад, — гуфт Акмалиддин Тоиров.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»