24 — 26 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конференсияи ХХVI кишварҳои аъзои Созишномаи тарифии роҳи оҳани давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистон баргузор гардид.
Дар он масоили танзими сиёсати тарифӣ, омилҳои марбут ба пешгирии баландшавии тарифҳои боркашонӣ ва нақшаи фаъолият вобаста ба татбиқи Созишнома барои соли 2018 баррасӣ шуд.
Созишномаи тарифии роҳи оҳан соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ қабул шуда, яке аз санадҳои муҳим дар самти ба танзим даровардани сиёсати тарифи боркашонӣ тавассути роҳи оҳан маҳсуб меёбад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»