Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсия мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи он ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахси мансабдори давлатӣ ҳақ надорад, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он дарҷ гардидааст. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо маҳсуб мегардад.
Бо шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва такдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Санади мазкур барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалкӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони амният ва хамкорӣ дар Аврупо шинохта шудааст.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Тоҷикистон саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Тавре Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд кардан: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии гуногунро таҳти танзим қарор медиҳад».
Афзалияти дигари Конуститутсия таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.
Дар боби ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ба таври комил муайян шудаанд, ки ин нуқтаҳо дар конститутсияҳои қаблӣ набуданд.
Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳи хос дода шуд, бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модарон ва тарбияи фарзандон аст. Давлат оила ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад. Модару кӯдак ҳамеша зери ҳимояи махсуси давлат қарор доранд ва дигар муносибатҳои оилавӣ ҳам тариқи он ба танзим оварда мешаванд.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 28 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.
Ҳасан ҚАЮМОВ,
муовини сардори Раёсати захираҳои оби минтақавии Панҷ