Ҳамасола аз миёнаҳои моҳи апрел то охирҳои моҳи май тавассути дидбонгоҳҳои назоратии дар деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ ва деҳаи Саринамаки деҳоти «Қарақамиш»-и ноҳияи Темурмалик қарордоштаи Трести чарогоҳҳои минтақаи Кӯлоб, беш аз 300 000 сар гӯсфанду буз ва гову аспи хоҷагиҳои шахсию ҷамъиятии ноҳияҳои Данғара, Фархор, Қубодиён, Вахш, Носири Хисрав, Шаҳритуз, Ҷалолиддини Румӣ, Бохтар, Ҷиликӯл, Муъминобод, Восеъ, Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз муоинаи санитарию ветеринарӣ гузашта, ба чарогоҳҳои тобистонаи ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг ва Тавилдара интиқол дода мешаванд. Боз бо ҳамин усул аввали тирамоҳ чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистонаи худ, ки аксарашон дар ноҳияҳои Данғараю Вахш қарор доранд, бозпас мегарданд.
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз мушкилоти интиқоли чорво изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулони соҳа талаб кард, ки ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои таъҷилӣ андешанд. Ин эрод моро ба дидбонгоҳи деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ овард. Маълум гардид, ки баъзе нафарон тӯли солҳои гуногун бо истифода аз ҳар роҳу восита дар заминҳои ба роҳҳои чорвогузар тааллуқдошта хонаҳои истиқоматию иншооти тиҷоратӣ бунёд кардаанд. Дар баробари ин, бо иллати боришоти солҳои охир роҳи чорвогузари канори дарёи Сурхоб, дар наздикии деҳаи ба номи Саъдуло Шарифов дар ҳудуди 2-3 километр валангор шудааст. Ин ҳолат боиси аз дохили деҳаи номбурда ва деҳаҳои Восеъободу Гулободи деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ гузаштани рамаю галла гардидааст.
- Сокинон бо сабаби ифлос шудани кӯчаҳои деҳаи худ, эҳтимолияти пайдову паҳн шудани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва осеб дидани зироату дарахтон дар ибтидо монеи интиқоли чорво шуданд. Бо кумаки масъулони ноҳия вазъи бавуҷудомадаро ба онҳо фаҳмонида, мушкилотро муваққатӣ ҳал намудем, — арз кард дар суҳбат сардори дидбонгоҳи назоратии деҳаи Қурбоншаҳид Раҷабалӣ Саидов. Мавсуф дар идома гуфт: — Ман худ зодаю сокини деҳаи Қурбоншаҳид ҳастам. Ёд дорам, ки 20-25 сол қабл интиқоли чорво аз қисмати ғарбии деҳа, тавассути роҳи Чумчуқлӣ сурат мегирифт. Мутаассифона, тӯли ин солҳо бар хилофи қоидаҳои мавҷуда, дар роҳҳои чорвогузар хонаҳои зиёди истиқоматӣ ва биноҳои тиҷоратӣ бунёд шуданд. Акнун маҷбур ҳастем, ки аз деҳаи Гулистон то деҳаи Гулобод, яъне тариқи тақрибан 15 километри роҳи байналамилалии Душанбе — Хоруғ — Қулма чорворо ба чарогоҳҳои тобистона интиқол диҳем.
Аз суҳбат бо мутахассисони дидбонгоҳ маълум шуд, ки то имрӯз аз хоҷагиҳои чорвопарварии «Панҷ»-и ноҳияи Панҷ, «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, «Балховӣ»-и ноҳияи Муъминобод ва ғайраҳо беш аз 70 ҳазор сар чорвои майдаю калон ва асп интиқол ёфтаанд.
Дар паҳлуи ин бунгоҳи назоратӣ ду нафар табибони беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб хайма зада, тансиҳатии чорводоронро зери назорат қарор додаанд. Мо бо чанд тан аз чорводорон ҳамсуҳбат шудем ва онҳо аз масъулони соҳа изҳори қаноатмандӣ намуданд.
-Бори аввал аст, ки галаву рамаҳо аз миёни деҳаҳои деҳоти мо гузар доранд. Кӯчаҳои деҳаҳоямон хеле танг аст ва аз онҳо гузаштани ин миқдор чорво, барои сокинон мушкилӣ пеш меорад. Як қисми мардум аз поймол шудани дарахту гулбуттаҳо шикоят намуданд,- гуфт муовини раиси деҳоти ба номи Абдӣ Авазов Сулаймон Назаров.
Вобаста ба мушкилот сардори Трести чарогоҳҳои минтақаи Кӯлоб Неъматулло Саидов мегӯяд:- Оид ба тасарруфи замини роҳҳои чорвогузар борҳо ба суд, ташкилотҳои масъул муроҷиат кардем, вале ин масъалаи доғ ҳалли худро таври бояду шояд пайдо накард. Ба наздикӣ ду нафар сокинони деҳаи Сомончии ноҳияи Фархор дар роҳи чорвогузар худсарона манзил бунёд кардаанд ва мо аз ин хусус ба Прокуратураи шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудем. Хушбахтона, бо кумаки онҳо замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Бар замми ин мушкилот, селу обхезиҳо низ як қисмати роҳҳои чорвогузарро дар ҳудуди деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ ва деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Кӯлоб валангор намуд. Дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Кӯлоб маҷбур шудем, чорворо сарфи назар аз эътирозу пойфишории мардум, тавассути кӯчаҳои танги деҳаҳои Гулобод, Анваробод, Тоқкапа ва Хонаобод гузаронем.
Турдиҷон Ораев — директори хоҷагии зоотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор вобаста ба ин мушкилот чунин гуфт:- Мутаассифона, мушкилоти интиқоли чорво ба чарогоҳҳои тобистона, ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст. Акнун мо маҷбур ҳастем, ки рамаҳоямонро аз деҳаи Гулистони деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ то мавзеи деҳаи Ғурулдии деҳоти ба номи Қармишеви ноҳияи Темурмалик бидуни таваққуф интиқол диҳем. Ин масофа ҳудуди 25-30 километрро ташкил мекунад ва якбора тай намудани он ба чорвои майда, бахусус барраю бузғолаҳо зарар дорад. Сабаби ин бо ҳар гуна баҳонаҳо аз миён рафтани таваққуфгоҳҳо аст. Илова бар ин, боз дигар мушкилоте низ ҳастанд, ки боиси ташвиши мо — чорводорон гаштаанд. Моли майдаи хоҷагии мо беш аз 14 ҳазорро ташкил мекунад ва роҳи ҳаракати он аслан ба ду канори дарёи Яхсӯ рост меояд. Дар ин самт даҳҳо пулҳои оҳанини аз замони шӯравӣ меросмонда ҳастанд, ки баъзеҳо онҳоро ҳангоми оғози ин маърака ҳамчун «дом»-и манфиат истифода мебаранд. Масалан, вақте рама сари пул мерасад, мебинӣ, ки чанд тахтачӯби он нест. Дар сурати гузаштан аз чунин пул эҳтимолияти ба дарё афтидани чорво ба миён меояд. Дар ин ҳолат зуд «хайрхоҳону савобҷӯён» пайдо шуда, таклиф мекунанд, ки дар ивази як ва ё ду сар мол, филҳол аз хонаҳои худ чӯбу тахта оварда, кӯпрукро барои гузаштан мувофиқ мекунанд.
Айнан чунин ҳолати ташвишовар дар чарогоҳҳои зимистона низ ҳукмфармост.Чорво ба чарогоҳ расидан замон «хӯҷаин» пайдо мешавад ва маҷбур ҳастем, ки ба ивази чанд сар мол ба мувофиқа расида, сипас, онро истифода барем.
Мушкилоти мавҷуда моро ба Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» овард, ки дар он дар баробари мутахассисони маҳаллӣ, мутахассисони хориҷӣ низ машғули фаъолиятанд. Аз суҳбат бо масъули ин лоиҳа Мӯсо Холов ҳадафи аслию воқеии лоиҳаро таври зарурӣ дарк карда натавонистем.
Ин ҳолатро ҳамсуҳбатҳои дар боло зикршуда ва дигар роҳбарону мутахассисони соҳаи чорводории минтақа, ки мо давоми пайгирии ин мушкилот ба онҳо суҳбат намудем, тасдиқ карда буданд. Бо мақсади дарки дурусти самти фаъолият аз онҳо дар шакли ёддошт ё худ роҳнамо маълумотномаеро ҷӯё шудем. Ёддошти таълифаш соли 2015-ро дар ихтиёрамон вогузор намуданд, ки дар муқоваи аввали он манзараи зебои рӯи пуштаҳои сералаф чаридани рамаю дар саҳифаи охири он акси ҷавонзани хушсимоеро, ки дар бағал ду барраи навзод дорад, дидем. Маълум гашт, ки маблағгузорони Лоиҳа Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ мебошанд.
Муҳлати татбиқи Лоиҳа аз моҳи сентябри 2012 то моҳи сентябри соли 2017-ро дар бар гирифта, мақсади он паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон — Фархор, Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Шӯрообод аст. Зери сарлавҳаи «Вазифаи лоиҳа» сатрҳои зайл омадааст: «Вазифаи асосии лоиҳа беҳтар намудани статуси ғизо ва мусоидат дар афзун намудани даромади 22400 хонаводаи камбизоат, тавассути баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва даромаднокии чорводорӣ ва идоракунии самараноки чарогоҳҳо мебошад».
Хуллас, бо кумаки ин ёддошт то андозае аз аҳдофи он воқиф гардидем. Ин ҷо аз номгӯи зиёди мақсаду вазифаҳо танҳо овардани як ибораро муносиб донистем, ки аз рӯи мантиқ ба мушкилоти зикркардаи мо вобастагӣ дорад. Дар зерқисмати «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба ин зайл омадааст: «Сохтмон ва барқарорсозии инфрасохтори чарогоҳҳо (кашидани хати оби нӯшокӣ, сохтмону таъмири кӯпрукҳо, роҳҳои чорвогузар ва ғайраҳо) ».
Биноан, тасмим гирифтем, ояндаи наздик ба хотири равшанӣ андохтан ба корҳои тӯли се сол баанҷомрасонидаи масъулони лоиҳа мақолаи таҳлилиеро рӯи саҳифа биёрем, то ки ба ин васила, масъулони соҳа ва чорводорони одӣ аз раванди харҷи 14 миллион доллари ИМА баҳри беҳдошти соҳаи чорводорию чарогоҳҳои минтақа огоҳӣ пайдо намоянд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»