Бо дастгирии раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода ва ташаббуси пешгирифтаи рӯзноманигор Садриддин Ҳасанзода, инчунин мардони саховатпешаи деҳаи Кадучӣ, сангфаршкунии роҳи Кадучӣ то деҳаи Ғаллазору Сардиз шурӯъ гардид.
- Роҳи деҳоти «Ғаллазор» — и ноҳияи Восеъ то деҳаи Сардиз, ки идомаи роҳи ноҳияи Темурмалик мебошад, 40 сол боз таъмири ҷориро надидааст. Сокинони деҳаи Ғаллазор бо азобу машаққат аз ин роҳ мегузаштанд. Бо муроҷиату дархости сокинони деҳа, тасмим гирифтем, ки роҳро бо дастгирии соҳибкорон ва сокинон пурра сангфарш намоем, — гуфт Садриддин Ҳасанзода.
Номбурда, ҳамчунин, иброз дошт, ки гузаштан аз ин роҳ барои сокинони деҳа басо мушкил ва хатарзо буд. Бо ин мақсад назди вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим даромада, вазъро фаҳмондем ва барои мумфаршкунии роҳ ба роҳсозон номбурда 20 тонна мазут ирсол намуд.
Ҳангоми боздид маълум гардид, ки дар қитъаи роҳи якум ва дуюми роҳ кор бомаром идома дошта, аллакай панҷ километри он пурра сангфарш гардидааст.
Сокини деҳаи Ғаллазор Саид Азимов гуфт, ки сокинон солҳои дароз бо азобу машаққат аз ин роҳ мегузаштанд. Пас аз пурра сангфарш гардидани роҳ рафтуомад бидуни мушкил муяссар хоҳад шуд.
- Айни замон дар деҳаи Ғаллазор беш аз 130 оила зиндагонӣ мекунанд, ки шуғлашон кишоварзию чорводорӣ мебошад. Масофа аз деҳаи Кадучӣ то деҳаи Ғаллазор шаш километрро ташкил медиҳад, — гуфт С. Азимов.
Тибқи пешбинӣ, барои пурра сангфарш намудани ин қитъаи роҳ қариб 800 ҳазор сомонӣ лозим аст. Дастандаркорон умед доранд, ки дар ин кори хайру савоб соҳибкорони ноҳия низ дасти ёрӣ дароз мекунанд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»