Роҳсозон соҳиби техникаҳои роҳсозӣ гардиданд

№ 21.11.2023

402327774_366331035920525_2219633282895381842_nДар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 адад техникаю муҳимоти роҳсозӣ ҷудо намуд.

Дар маросими қабули техникаи нав раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва муовини вазири Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода иштирок ва баромад намуданд.

Раиси ВМКБ зикр кард, ки солҳои охир ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгарди вилоят аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Роҳбарияти Олии мамлакат ва Вазорати нақлиёти кишвар маблағҳои зиёд ҷудо гардида, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта рӯз аз рӯз ҳалли худро ёфта истодааст.

- Роҳбарону масъулони Вазорати нақлиёт низ дар навбати худ кӯшиш намуда истодаанд, то ки роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавию маҳаллӣ дар ҳудуди вилоят тамоми фаслҳои сол кушода бошанд, — илова намуд муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои Мардум»