Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Роғун. Чаро маблағи омӯзгорон то ҳол пардохт нашудааст?»

№61 (4323) 06.05.2021

Таҳти ин ном Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Муҳаммад Зокирро аз 18 феврали соли 2021 таҳти №22 (4234) якҷо бо мақомоти дахлдор мавриди баррасӣ қарор дод.

Вобаста ба масъалаи дар ҳолати ғайристандартӣ қарор доштани бозори марказии шаҳри Роғун ва мунтазам фаъолият накардани он, иттилоъ дода мешавад, ки дар шаҳри Роғун, умуман, тибқи нақшаи генералӣ бозор мавҷуд намебошад. Агар донистан хоҳед, сабабаш дар он аст, ки шаҳри ҳозираи Роғун солҳои 70-80-уми асри ­гузашта замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун шаҳраки сохтмончиён қомат афрохта, маҳз барои таъмини ҷои зисти мутахассисон пешбинӣ шуда буд ва ҳама гуна нақшаҳои сохтмонӣ дар марказ, яъне Москва тарҳрезӣ мешуд. Мутаассифона, аз тарафи муҳандисони ҳамонвақта «Бозор» ба инобат гирифта нашудааст. «Бозор»-и дарназардоштаи шумо танҳо рӯзҳои шанбе бо ҷалби соҳибкорону хоҷагидорон барои дастрасӣ ба маҳсулоти тару тоза ва нисбатан арзон ба сокинону сохтмончиёни НБО-и «Роғун» ташкил карда мешавад. Дуруст аст, ки ҷои муайян надорад, зеро шаҳр чунин сохта шудааст. Ба хотири дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маҳсулоти аввалияи ғизоӣ, аз дӯкону мағозаҳои доимоамалкунанда, инчунин, дар ҳар нуқтаи муносиб, ки ҳуқуқи дигаронро халалдор наменамояд, ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад.

Вобаста ба мавзӯи дигари матлаби хабарнигор. Аз маълумоти Раёсати молияи шаҳр бармеояд, ки музди маоши кормандони соҳаи маориф, новобаста ба вазнинии сол, пурра пардохт карда шудааст ва қарздорӣ аз ҳисоби музди маош дар корхонаҳои буҷетии шаҳри Роғун умуман мавҷуд намебошад. Маблағи дарназардоштаи шумо, ки барои сафарҳои хидматии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун, ки ба курсҳои такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд, бинобар сабабҳои ба ҳама маълум — паҳншавии бемории сироятии коронавирус иҷро нагардидани қисми даромади буҷет (қисман он ҳам бошад, ба андозаи хело кам) назар ба маблағи пешбинишуда (40000 сомонӣ) ба таъхир афтодааст, ки соли 2021 ба нақша гирифта, марҳила ба марҳила пардохт карда мешавад.

Вобаста ба норасоии китобҳои тозанашри бачагона дар китобхонаҳои деҳоти шаҳр бошад, зикр кардан бамаврид аст, ки дар Роғун айни замон 8 китобхона дар назди бахши фарҳанг бо теъдоди 61262 адад, аз ин шумора 13064 адад адабиёти бачагона ва дар муассисаҳои зертобеи шуъбаи маориф, ки аксар дар деҳот ҷойгиранд, 24 адад китобхона бо теъдоди 16272 адад адабиёти барои наврасон мавриди истифодаи умум қарор доранд.

 Бояд тазаккур дод, ки солҳои 2019-2020-ум 5500 адад адабиёти тозанашри бачагона дар шуъбаи маориф ва дар бахши фарҳанг 550 адад чунин адабиёт аз ҳисоби буҷет харидорӣ шудааст. Дар бораи он, ки дар китобхонаҳои шаҳри Роғун адабиёт бо забонҳои гуногун, аз ҷумла, ба забони русӣ зиёд мебошад, ин аз ғановати китобхонаҳо дарак медиҳад. Тавре бузургон гуфтаанд, «Китобхона ин хазина ва китоб ин ганҷина мебошад», барои китобхон бо кадом забон ва ё кадом сол таълиф шуданаш муҳим нест. Баъдан, дар шаҳри Роғун халқу миллатҳои гуногун хело зиёданд ва шавқманди китобу китобхонӣ низ ҳастанд. Илова бар ин, дар қисми низомии воқеъ дар шаҳри Роғун филиали китобхонаи бахши фарҳанг ва дар ташкилоту муассисаҳои давлатии дар шаҳр фаъолияткунанда, ки зиёда аз 10 нафар корманд доранд, китобхона кушода шудааст. Хулоса, ягон мушкилӣ бобати китобдорию китобхонӣ дар шаҳри Роғун ба чашм намерасад ва барои боз ҳам баланд бардоштани маърифату бедор намудани завқи китобхонӣ роҳу усули нав ба нав роҳандозӣ мегардад.

 Р. ФАЙЗЗОДА,

муовини якуми раиси шаҳри Роғун

P.S. Фаромӯш набояд кард, ки хабарнигорон бештар ба камбудиву мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳ ва дар ин самт суол пешниҳод менамоянд. Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ки 8 феврали соли равон доир гардид, дар бораи бозори муваққатие, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар маркази шаҳр фаъолият мекунад, сухан рафт, ки ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ нест. Агар масъулини мақомоти иҷроия ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр онро зери назорат қарор медоданд, шояд саволҳо пайдо намешуданд. Бозор дар куҷое, ки бошад, бояд ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад, зеро чунин ҳолати бади бозор метавонад саломатии мардумро зери хатар гузорад.

Дар бораи сари вақт пардохт нагардидани маблағҳои сафари хидматии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун, ки ба курсҳои такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд, се сол боз ҷавоби қаноатбахш дода намешавад. Ин суол ҳанӯз дар нишасти матбуотии ҷамъбасти шашмоҳаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр садо дод ва то ҳол вокуниш набуд, акнун ки суол оид ба бартараф шудан ё нашудани камбудӣ дар ҷамъбасти сол бори дигар ба миён омад, магар масъулин саросема шуданд? Маблағи сафари хидматии омӯзгоронро ба таъхир гузоштан чӣ маънӣ дорад? Аз рӯи маълумоти Раёсати молия, ки дар нишасти матбуотии ҷамъбасти сол пешниҳод гардид, то ҳол бештар аз 40 ҳазор сомонии қарз боқӣ мондааст, вале шумо менависед, ки он пурра пардохт шудааст. Шояд баъди чопи гузориши мо аз нишасти матбуотӣ роҳбарияти шаҳр барои рӯйпӯш кардани камбудӣ онро пардохт карда бошанд? Ба кӣ бовар кунем? Албатта, агар масъала ҳал шуда бошад, мо низ аз ин масъулияти шаҳрдорӣ хеле хушҳол мегардем.

Дар бораи норасоии китобҳои тозанашр барои наврасону ҷавонон, директори китобхонаи марказонидашудаи бахши фарҳанги шаҳри Роғун Муродбек Раҳимов ба мо маълумот дода, изҳор дошт, ки китобҳои бачагона мавҷуд аст, вале қисми зиёди онҳо бо забони русӣ буда, аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаанду масъулон дар вақти хариди китобҳои тозанашр ба дархосту пешниҳоди мудирони китобхонаҳои деҳоти шаҳр аҳамияти ҷиддӣ намедодаанд. Ё чунин нест магар?

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»