Роғун. Омодагӣ ба ҷашн ҷиддӣ аст

№ 31.08.2023

РОЃУН 1Ба ифтихори Ҷашни 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо мақсади таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва бо нархҳои дастрас ба сокинон пешниҳод намудани маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби ҷамоати шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳо намоиш ва чорабиниҳои гуногун доир мегардад.

Дар майдони Исмоили Сомонӣ ва боғи фарҳангу фароғатии шаҳр дар доираи ин тадбир ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши дастовардҳои фарҳангии шаҳраки Обигарм, деҳоти «Қади об» ва «Сичароғ» баргузор мегардад. Дар он маҳсулот дар қиёс ба нархи бозор то 40 фоиз арзон ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳамзамон, ба ифтихори ин сана беш аз 15 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла сохт­мони нуқтаи фурӯши нақлиёт ва таъмири он аз ҷониби ҶДММ «Тодж­моторс», бинои маъмурии шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, таваққуфгоҳи мошинҳо ва маркази хизматрасонӣ, 4 мағоза, таҷдиди роҳи мошингарди шаҳри Роғун аз қитъаи километри 91-уми шоҳроҳи Душанбе — Рашт то даромади маркази шаҳри Роғун дар масофаи 11 километр, чойхона, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гули сурх, 10 синфхона дар деҳаи Чормағзак, хобгоҳи Интернати давлатии наздимактабии №4-и шаҳри Роғун ва боз якчанд иншооти нав, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»