Робитаҳои Тоҷикистон ва Ховари Миёна дурнамои хуб доранд

№41 (4781) 03.04.2024

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ховари Миёна: замина, дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии ҳамгироӣ» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мутахассисон ва коршиносони самти ховаршиносӣ, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ифтитоҳи конфронс таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати мутавозинро бо кишварҳои Ховари Миёна ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, тайи солҳои 2023 — 2024 шаш сафари корию давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Ховари Миёна амалӣ гардид.

- Дар тӯли таърих тоҷикон бо мардуми ин минтақа муносибату ҳамкориҳои васеи фарҳангию иқтисодӣ доштанд. Бинобар ин, тақвияти муносибатҳо бо кишварҳои Ховари Миёна ба яке аз авлавиятҳои калидии муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид намуданд, — иброз намуд Хайриддин Усмонзода.

Коршиноси мустақил Саъдӣ Ворисов дар мавзуи «Тоҷикистон ва Қатар: имкониятҳои истифоданашуда ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ» суханронӣ карда, иброз намуд, ки муносибатҳои дуҷониба байни Душанбе ва Давҳа аз лиҳози сиёсӣ дар сатҳи олӣ қарор доранд. Қатар нахустин давлати арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба сармоягузорӣ оғоз кардааст. Яке аз самараҳои сармоягузориҳои қатарӣ дар Тоҷикистон масҷиди ҷомеи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит аст, ки калонтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Душанбе низ табдил шудааст ва дигар лоиҳаи шаҳраки «Диёри Душанбе» мебошад. Маҷмӯи ин сармоягузориҳо 300 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо Шабакаи машҳури телевизионии «Ал-Ҷазира» (соли 2019) ва рӯзномаи «Аш-Шарқ» (2021) зимни истиқбол аз сатҳи олии муносибатҳои дуҷониба ишора намуданд, ки имкониятҳои фаровони ҳамкорӣ дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, илму маориф ва сайёҳӣ пурра истифода нашудаанд. Инчунин, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон зимни сафарашон ба Қатар (моҳи январи соли 2024) масъалаи зарфиятҳои транзитии Тоҷикистон дар қаламрави АвруОсиё ва энергияи таҷдидшавандаро ҳамчун имкониятҳои қобили истифода дар тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикис­тону Қатар бо масъулони ин кишвар баррасӣ карданд, — иброз намуд Саъдӣ Ворисов.

Дар конфронс, инчунин, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Нусратулло Зокирзода дар мавзуи «Ҷойгоҳи кишварҳои Ховари Миёна дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: вазъ ва дурнамо», директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Моёншо Маҳмадбекзода дар мавзуи «Вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои Ховари Миёна дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ», сардори раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ дар мавзуи «Вазъ ва дурнамои гардиши савдо ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Ховари Миёна», сардори раёсати сармоягузории давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Изатулло Нуруллозода дар мавзуи «Вазъи сармоягузории кишварҳои Ховари Миёна ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он», котиби илмии Маркази исломшиносӣ Маҳрамбек Маҳрамбеков дар мавзуи «Омилҳои таҳдидкунанда ба ҳамгироии Тоҷикистон ва Ховари Миёна», ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Абдуҳалим Одинаев дар мавзуи «Таҳаввули ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар замони истиқлол» ва дигарон суханронӣ намуданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»