Ронандае, ки намунаи ибрат аст

№8 (4270) 21.01.2021

DSC_4171Чанд рӯз пеш вокуниши сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори милитсия А. Насимзода ба мақолаи ҳамкорамон С. Суннатӣ «Худсарии ронандагони микроавтобусҳо боиси тамбашавӣ мегардад», ки 23 апрели соли 2020 ба ­табъ расида буд, ба идора ворид шуда, сипас дар рӯзнома ба чоп расид. Номбурда андешаҳои хабарнигори рӯзномаро роҷеъ ба рафтори бархе аз ронандаҳо дастгирӣ намуда, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки «…дахолат намудан ба кирдору рафтори ношоистаи бархе аз ронандагони мусофиркаши бемасъулият, гирифтани пеши роҳи онҳо дар чунин амалҳои номатлуб, риояи қоидаҳои ҳаракат аз тарафи онҳо, на танҳо кори кормандони БДА, балки аҳли ҷомеа мебошад».

 Бале, ҳама барои ислоҳи ин камбудӣ масъулем. Хеле зиёд ба ронандагон эрод гирифта, ибрози андеша мекунем, то ислоҳ шаванд. Вале ба баъзе аз онҳо насиҳат намефорад ва зуд асабӣ мешаванд. Ҳол он ки сабаби асабонияти онҳо на ҳама вақт мусофиронанд. Ҳар рӯз тавассути ин навъи нақлиёт садҳо шаҳрванд ба коргоҳ, таълимгоҳ ва дигар макон мераванд. Муомилаи дағал  ва  «алами Исоро аз Мӯсо гирифтан»-и ронандагон метавонад онҳоро нороҳат созаду он рӯз маҳсули меҳнати эшон коҳиш ёбад.

Роҷеъ ба ҳолати чанд рӯз пеш мушоҳидакарда намехостам нависам, зеро гумон кардам, ки бефоида аст. Он ронанда – «қаҳрамон»  аз зумраи шахсонест, ки ҳеҷ гоҳ ислоҳ намешаванд. Вале таъкиди  сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон водор намуд, ки роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар андеша баён созам.

Чанд рӯз пеш, ҳангоми ба кор омадан, чун ҳарвақта мусофирбари хатсайри №33-ро нигоҳ доштам. Хушбахтона, паҳлуи ронанда холӣ шуду он ҷо нишастам.  Дар кобина суруди «роҳатафзо» баланд садо медод. Ронанда шахси калонсол буд ва хоҳиш намудам, ки садои радиоро каме паст кунад. Вале ба сӯям песонда: «И радиояй, бояд ҳамин хел бошад, намефорад, хеста рафта, ҳо дар қафо бишин!» — гуфт. Аз чунин муомила табъам хира шуд, вале худро ба даст гирифтаму оромона ба ӯ фаҳмондам: «Бародари азиз, мусиқии баланд ба шумо ҳам зарар дорад, чамбараки мошин дар дасти шумост ба бехатарии мусофирон ба шумо вобаста аст…». Чанд мусофири дигар низ ба ӯ чунин насиҳат карданд. Вай, ба ҷойи бахшиш пурсидану паст кардани садои радио, бо як даст гиребонашро дошта (хайрият гиребони маро не), ба тавбакунӣ сар кард: «Э тобае. И одамо ба радио ҳам кор доранд, аз пагоҳӣ сари моро вайрон мекунанд!». Тавба карданаш хуб аст, аммо хуб мебуд ӯ барои «гуноҳҳояш» тавба мекарду бо мусофирон хушмуомила мебуд. Дидам, ки гӯши маслиҳатшунав надорад, ному насабашро ҳам напурсидам. Пеш аз фаромадан «Раҳмат, бародар» — гуфтаму дари мошинро оҳиста пӯшидам, то боиси асабоният нагардад.

Табиист, ки на ҳама ронандагон бемаданияту ислоҳнашавандаанд. Ашхосе низ зиёданд, ки зимни истифода аз хизматрасонии нақлиётии онҳо табъи кас болида мешавад. Дар пойтахт онҳое, ки ба хизматрасонӣ дар соҳаҳои нақлиёт, савдо, маишӣ қарор доранд, бояд намуна бошанд, ба мисли ҷавоне, ки мехоҳам ёдовар шавам.

Якчанд бор имкон фароҳам омад аз хизмати нақлиёти ҷавони тахминан 20-25-сола, дар хатсайри №15 истифода барам. Ӯ кондуктор надорад, дари мошинаш таври автоматӣ кушодаю пӯшида мешавад. Боре дар мусофирбари ӯ садои баланду дилхароши мусиқиро нашунидаам. Ҳар як мусофирро бо лаҳни хуш ва самимона хушомадед мегӯяд: «Марҳамат кунед, саросема нашавед, акоҷон, холаҷон, хоҳари азиз…» -  гӯён онҳоро қабулу гусел мекунад, ки намунаи ронандаи бомаданият аст. Баъдан дар борааш каме маълумот пайдо кардам. Ғайратҷон Орипов ном дошта, ду сол зиёдтар аст, ки дар шаҳри Душанбе  ба мусофиркашонӣ машғул мебошад.

- Душанбе шаҳри хеле дилпазиру обод шудааст. Қасрҳои бошукӯҳу, хонаҳои баландошоёна, роҳу хиёбонҳои ҳамвору васеъ, боғу гулгаштҳои тозаю озода ва гулбасар  таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб менамояд. Дар ҷавоб ба заҳмати масъулони пойтахт бояд маданияти шаҳрдорӣ ва сатҳи хизматрасониро баланд бардорем, — мегӯяд Ғайратҷон.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»