Инсонҳое ҳастанд, ки барояшон, бадбахтона, муқаддасоте вуҷуд надорад. Ин гурӯҳ одамон ба ҳама танҳо аз рӯйи манфиати шахсӣ ва ё гурӯҳӣ, ки дар он низ манфиати худро дар ҷойи аввал мебинанд, менигаранд.
Бадбахтии дигари ин гуна одамон боз дар он аст, ки дар ҷунуну ҳирспарастии хеш ҳамаро аз худ паст мешуморанд ва дарк наменамоянд, ки худашон дар ин шева дар қатори аз ҳама пасттаринҳо қарор мегиранд.
Баъди туҳматбофиҳои Додоҷон Атоуллоев пеши ман маҳз манзараи туҳматбору бераҳмии солҳои носозгории ҳамватанӣ ба ёд омад, ки сабабгори он Додоҷон барин ҳавохоҳони сиёсатҳои бегона буданд. Аз ин рӯ, тамоми кирдорҳои ин рӯзноманигор бароям хислатҳои одамонеро, ки воқеан барояшон чизе муқаддас нест, ба ёд овард.
Гумон мекунам, ки ба ин гуфтаи ман шояд ҷои ҳайрат ҳам набошад, зеро Додоҷон Атоуллоев рондашудаи даргоҳи муқаддаси муҳаббати падару модар будааст, яъне фарзанди оқшуда.
Додоҷон аз Ватан барвақттар оқ шудааст. Аслан маҳз аз ин ҷиҳат кирдори чунин одамон лоиқ ба муҳокима ҳам нест. Азбаски дар пушти ҳавои даҳани ин гуна зотҳо боз манофеъҷӯёни шояд ба худи Додоҷон монанд паноҳ ёфтаанд, гумон дорам, ки аз рӯйи андешаи солим муҳокима пеш овардан аз аҳамият холӣ набошад.
Аввалан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият нангу номуси ватандориро мехоҳад, ки ба фаҳми ин, гумон мекунам, Додоҷон баринҳо намерасанд.
Дуюм, Сарвари давлат чеҳраи Ватан аст. Ин чеҳра дар мураккабтарин лаҳзаҳои таърихӣ-мураккабиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ғоявӣ, мавҷи пуршиддати ғоясозиҳои ҳадафманди ҷаҳонхоҳони абадқудрат ва ғайра собит карда тавонист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чеҳраи наҷотбахш барои миллату ватан аст. Маҳз хирад ва ба хирадмандон такя кардани Роҳбари Давлат буд, ки тавонист Ватанро аз вартаи ҳалокат ба вартаи балоғат ворид созад.
Барои ин садҳо мисол овардан мумкин аст, ки пеш чунин талош ҳатто дар лавҳи хотир ҳам намеомад. Нодида гирифтани ин дастбурдҳои истиқлолият беш аз кӯрбинӣ нест.
Сеюм, абармардони таърихӣ бояд дар паноҳи миллат қарор гиранд:
Бубояд, ки Иброҳимони Ватан,
Абармардҳои чу ҷони Ватан,
Чу Эмомалӣ сарварони Ватан,
Панаҳгоҳ ёбанд аз ҷони мо,
Зи номусу нангу зи виҷдони мо.
Агар барои исботи ин гуфта далел лозим бошад, бояд миллат абармарди дунёи шуҷоат ва хирад Яъқуббеки Бадавлатро пеши рӯ биёрад, ки сарвари давлати тоҷикони Чин буд. (Тсизиян). Ӯ бо намунаи ибрати шахсӣ, хиради давлатдорӣ, биниши амиқ, ояндабиниҳои дурандешона тавонист, ки дар давоми зиндагии худ ин давлати тоҷиконро ба шукуфойӣ расонад ва аз ҳар гуна ғасбу хиёнат раҳойӣ бахшад.
Баъди сари ин абармарди рӯзгор меросхӯрони Бадавлат натавонистанд, ки якпорчагии ин Ватанро ҳифз намоянд, зеро чун Бадавлат сиёсатмадор ва шахсият набуданд. Бинобар сабаб, чиниҳо давлати мазкурро комилан аз байн бурданд ва тоҷиконро дар байни чиниҳо чошу пош карданд, то дигар дардисариҳои як давлати тоҷикӣ барои Чин хатарзо нагардад.
Гумон мекунам, ин мисол бояд барои миллати мо сабақ гардад ва бояд биандешем, ки бори қисмати ин Ватан танҳо ба дӯши мост.
Зарур аст, ки мо аз чунин бори муқаддас ифтихор дошта бошем ва бо сари баланд гӯем:
Дар кишвари «Шоҳнома» зебад тоҷик,
Бо дафтари ишқу хома зебад тоҷик.
Бо тиру туфанги ақл дар раддаи меҳр
Пӯшида зи нанг ҷома, зебад тоҷик.
Инро ба забон оварда, бояд аз бесабақиҳо ва хушбовариҳои худ, ки дар тӯли таърих кам набуданд, дарси маънавӣ ва худшиносӣ гирем:
Эй миллати зудбовару соддадилам,
Бар ҳар сухани газоф бикшода дилам.
Як умр бузургҳои худро куштӣ,
Шуд гарчӣ зи ту ҷаҳони сарвода дилам.
Ба ин маънӣ бояд шахсонеро, ки моро гирду ҷамъ меоваранд, дар паноҳи хиради онҳо фазои амну амонӣ доман паҳн мекунад, осоиш, як дами осуда насиби миллат мегардад ва ниҳоят шукуфойӣ бо дурахшонӣ чеҳра мекушояд, шиносем. Ҳатто шинохтан кам аст, шинохта дар атрофи хиради онҳо гирду ҷамъ оем ва Ватанамонро обод нигоҳ дорем ва гуфтаниам:
Осон машумар! Кори ҷаҳон ҷон талабад,
Аз ҷомасафедзодагон ҷон талабад,
Овози маро зи теппаи тан шунавед,
Гӯяд, ки раҳи амну амон ҷон талабад.
Миллати моро зарур аст биандешад, ки сабақҳои таърихӣ барои мо дастури дуруст медиҳанд. Шумо ба ёд биёред хоинии Аҳмади Хуҷандӣ ва пайравони ӯро дар замони муборизаи муқаддаси хуҷандиҳо ба муқобили аҷнабиёни чингизӣ ва ҳушёр бояд бошем, ки оини чингизӣ ҳанӯз ҳам даҳшатҳои гӯшношунидеро ҳимоятгар аст ва он дар ҳама гуна сиёсатҳои даҳшатбори дунёӣ дасти боло дорад ва Додоҷонҳо, пеш аз ҳама, ба ин гуна сиёсатҳо худро шарик медонанд ва пештози чунин даҳшатҳо мегарданд. Онҳо мехоҳанд, ки бо роҳи макр дар дили шумо ҷо гиранд ва сипас хуни дилхӯр шаванд.
Шумо носозгориҳои ҳамватаниро дар солҳои 90-ум асри ХХ аз ёд мабаред. Душмани шумо дар дили шумо ҷо ёфта, ба муқобили худи шумо теғ баркашид ва тавонист хусумати бедавоеро дар дили шумо аслан бе ягон сабаб ҷо диҳад ва худи шуморо ба рамаи бе чӯпон таҳқиромез ташбеҳ кунад. Аз ин рӯ, шарт аст, ки хоинҳои худро шиносед. Ҳар кас, ки дар дили шумо хусумату носозгориро ба якдигар бедор мекунад, ӯ яқинан душман аст ва ё ёрирасони душман аст. Бояд донист, ки ҳар кас чун Додоҷонҳо хоинӣ мекунад, ӯ мададрасони бадхоҳест, ки ба сари ин миллат бадхоҳӣ овардан мехоҳад.
Ҳақназар Ғоиб