Роштқалъа. Инфрасохтори ноҳия дигар мешавад

№15 (4911) 31.01.2025

Баъд аз ба кор андохтани НБО «Себзор» соҳаҳои иҷти­моиёт, саноат, иқтисодиёт ва инфрасох­тори ноҳия дигаргун хоҳад шуд.

Дар доираи бунёди неругоҳ сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқу роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидошта, оби ошомиданӣ ба деҳаҳои Чагев ва Тир-Чагев, майдончаи варзиш дар деҳаи Даштак, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва кӯдакистон дар деҳаи Барҷангал, хати оби ошомиданӣ ба деҳаҳои Барҷангал ва Миденшарв, мумфаршкунии роҳи мошингард аз деҳаи Чагев то деҳаи Барҷангал, ба нақша ворид гардиданд, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва некуаҳволии сокинон мусоидат хоҳад кард.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рошт­қалъа иттилоъ доданд, ноҳия аз кону канданиҳои гуногуни фоиданок бой буда, ҳангоми ба истифода додани неругоҳ имконияти ба кор даровардани конҳои санги лоҷвард, ёқут, мармар, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, обҳои минералию геотермалӣ низ фароҳам мегардад.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»