Роштқалъа. Корҳои созандагӣ бо маром идома доранд

№ 11.11.2022

Сокинони ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар заминаи амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Љумҳурии Тоҷикистон бунёдкориву созандагиро ба роҳ монда, дар рушду нумӯи ноҳия саҳми муносиб доранд.

Дар ноҳия иншооти бузурги НБО-и «Себзор» сохта шуда истодааст, ки маблағи лоиҳавиаш 684 млн. сомониро ташкил дода, ба ҳолати моҳи октябри соли равон ба маблағи 30 млн. 972,1 ҳазор сомонӣ корҳои заминӣ ва сохтмонию васлкунӣ дар он иҷро гардиданд. Инчунин, дар 35 иншооти дигари ноҳия, аз ҷумла сохтмони ду бинои хонаҳои истиқоматии 25 ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ, бинои маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сохтмони бинои маъмурии Љамоати деҳоти Роштқалъа, КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», муассисаи таълимии замонавӣ барои 640 хонанда, беморхона барои 120 кат, тарабхонаҳои хусусӣ, сехи коркарди муйина дар деҳаи Занудҷи Љамоати деҳоти Барвоз ва як қатор иншооти дигар корҳои корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.

- Дар асоси дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди соҳаи маориф диққати ҳамаҷониба равона гардидааст. Њоло дар қаламрави ноҳия 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як кӯдакистону 53 маркази инкишофи барвақтии кӯдакони синни томактабии назди муассисаҳои ҳамагонӣ фаъолият мекунанд.

Тибқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ айни замон дар 34 муассисаи таълимии ноҳия барои 4 469 нафар хонанда синфҳои компютерӣ кушода шуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар назди 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 101 синфхона сохта шуданд, — гуфт раиси ноҳияи Роштқалъа Шомирзозода Аъзам.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»