Роштқалъаю Ишкошим ободу зебо мешаванд

№145 (4251) 01.12.2020

Ҳафтаи гузашта бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Далер Ҷумъаев ва раиси ноҳияи Роштқалъа Лоиқ Назаршозода дар деҳоти «Сежд»-и ноҳияи мазкур мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 37 барои зиёда аз 70 хонанда, «Наврӯзгоҳ» дар деҳаи Шошбуваду бинои ҷамоати деҳоти «Барвоз», сехи дӯзандагӣ барои 100 нафар бону дар маркази ноҳия, хатҳои оби нӯшокӣ дар деҳоти Тусён ва Хидорҷев дар вазъи тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ноҳияи Ишкошим бошад, бинои боҳашамати маъмурии филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо харҷи умумии 2 миллиону 824 000 сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои баландкӯҳ бунёди дигар иншооти маъмурию маишӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»