Думаи давлатии Федератсияи Россия қонунеро таҳия карда истодааст, ки мувофиқи он фурӯши нӯшобаҳои энергетикӣ ба онҳое, ки ба синни 18 нарасидаанд, манъ мегардад.
Яке аз таҳиягарони лоиҳаи қонуни мазкур, узви Кумитаи амният ва мубориза бо коррупсия Султон Ҳамзаев аз ҳизби «Единая Россия» ба Оҷонсии хабарии «Новости» гуфтааст, ки вакилони дума якҷо бо Ҳукумати Федератсияи Россия қонуни манъи фурӯши энергетикҳо ба наврасон ва масъулияти фурӯшандагону соҳибкорон дар ин самтро тарҳрезӣ карда истодаанд.
Султон Ҳамзаев гуфтааст, ки алҳол фурӯши нӯшокиҳои энергетикӣ дар баъзе минтақаҳо, ба монанди Тотористон, Ханти-Мансийск ва Новосибирск, маҳдуд карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, истеҳсолкунандагони чунин нӯшобаҳо наврасону ҷавононро ба «энергетикҳо» ҷалб карда, зимни таблиғот аз чеҳраҳои варзишии муваффақ истифода мебаранд.
Вакили мардумӣ сабаби мамнӯъшавии «энергетикҳо» ба наврасонро шарҳ дода, гуфтааст, ки дар таркиби чунин нӯшокиҳо таурин, кофеин, гуаран барин моддаҳо мавҷуданд, ки ба организми наврасон, ки дар ҳоли инкишоф аст, таъсири манфӣ расонида, боиси гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳо мегарданд. Илова бар ин, онҳо ба системаи асаб низ зарар мерасонанд.
Чанде қабл муовини Сарвазири Федератсияи Россия Татяна Голикова низ ба Вазорати тандурустӣ ва Вазорати саноату савдо дастур дода буд, ки дар бобати манъи фурӯши нӯшокиҳои энергетикӣ ба ноболиғон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
С. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»