Тибқи назарпурсии «Газета.Ру», вазъи бозори меҳнати Россия нигаронкунанда аст. Моҳи декабри соли гузашта масъулини 50 минтақа дар бораи норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот дода буданд. Ба гуфти муовини Сарвазир Марат Хуснуллин, дар давраи пандемия 1,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ тарки кор намуданд. Дар натиҷа, чандин лоиҳаи бузург амалӣ нагардид. Вазорати меҳнат ба ҳукумат пешниҳод намудааст, ки тартиби бозгашти муҳоҷирон ба Россия сода гардонида шавад.
- Ҳукумати Россия маҷбур аст, ба хотири воридшавии қувваи корӣ аз хориҷи мамлакат дар марҳилаи пандемия ҳам сарҳадҳояшро боз намояд, — гуфтааст коршиноси масоили иқтисодӣ Алексей Пулик.
- Ба андешаи профессори кафедраи меҳнат ва сиёсати иҷтимоии Институти хизмати давлатӣ ва идоракунӣ Александр Шербаков, амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ бидуни муҳоҷирони меҳнатӣ барои Россия имконнопазир аст.
Чанд рӯз қабл муовини якуми вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Александр Горовой дар ҷаласаи ҳайати мушовараи полиси шаҳри Москва дар бобати норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилӣ ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии шаҳр оғоз намудаанд.
Норасоии муҳоҷирони меҳнатиро Президенти Федератсияи Россия В. Путин низ эътироф намуда, изҳор доштааст, ки масъаларо дар вохӯриҳо бо ҳамтоёнаш аз мамлакатҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, баррасӣ менамояд. Путин ҳафтаи гузашта ба ҳукумат дастур дод, то 1 марти соли равон роҳҳои сода намудани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба соҳаи сохтмон баррасӣ гардад.
Соли гузашта теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қариб ду маротиба коҳиш ёфт. Агар соли 2019-ум он 19,5 миллион нафарро ташкил дода бошад, соли гузашта 9,8 миллион буд.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия, дар мавсим маҷмааи агросаноатии Россия ба 39 ҳазор муҳоҷир ниёз дорад ва агар масъала сари вақт ҳал нагардад, ҷамъоварии пурраи ҳосил имконнопазир хоҳад шуд. Вазъ дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ низ нигаронкунанда аст.
Ирек Файзуллин, вазири сохтмони Федератсияи Россия гуфтааст, ки ҷиҳати ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ механизми нав рӯи кор омада, баробар бо кушода шудани сарҳадҳо амалӣ мегардад. Муҳоҷирон бо дархости ширкатҳое ба кор даъват мешаванд, ки ба коргар ниёз доранд. Барои ин комиссия созмон дода шудааст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторӣ гуфтааст, ин иқдом имкон медиҳад, ки муҳоҷирони бинокор бо ҷойи кор ва маошу бима (суғурта)-и тиббӣ дар қаламрави Россия таъмин шаванд. То ҳол ба 468 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор дар сохтмонҳои Иркутск иҷозат дода шуд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода низ ин хабарро тасдиқ намуда, изҳор доштааст, ки Раёсати байналмилалии вазорат бо ҷониби Федератсияи Россия дар ин бобат музокирот анҷом додааст. Чунин тадбирандешӣ имкон фароҳам меорад, ки мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ рафъ гардида, манзалаташон дар Федератсияи Россия боло равад.
Таҳияи Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»