Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия

Рушди бонизоми робитаҳои Тоҷикистон ва Россия

№110 (4372) 04.09.2021

Ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 80 — уми асри гузашта пеша намуданд, ба парокандагии  кишвари дар  олам калонтарин, ки дар дунё назир надошт, боис гардид. Тағйироти васеъмиқёси дар ҳаёти халқҳо бавуқӯъомада, мутаассифона, ба нафъи шаҳрвандони  одӣ набуд. Сипас, даврони эҳёю барқарории давлатдориҳои нав оғоз шуд ва набудани таҷрибаи кофии идоракунӣ дар онҳо, инчунин, вобастагӣ аз маркази ягона боиси ба миён омадани баъзе аз мушкилоту нофаҳмиҳо гардид, ки дар натиҷа, дар ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ҳодисаҳои фоҷианок сар зада, риштаи ҳаёти ҳазорҳо одами бегуноҳро барканд.

Ниҳоят, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 ба кор шурӯъ намуд ва дар он Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон гардиши куллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон буд. Сухани  он замон баёндоштаи ӯ: «Агар лозим шавад, ман бар ивази ҷонам ба халқам сулҳ меорам», умедворкунанда буд. Хирадмандии Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки орзуи деринаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшад.

Боиси зикр аст, ки дар амри ба даст овардани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон Федератсияи Россия ҳиссаи калон гузошт. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва шаҳодати барҷастаи он аст. Россия ва Тоҷикистон ҳамеша дар ҳама самт шарикони стратегӣ буданд ва ҳамин тавр мемонанд. Федератсияи Россия аз аввалинҳо шуда, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ҳоло муносибатҳои ҳар ду давлат, ки дар заминаи ҳамкориҳои воқеан зичи  анъанавии иттифоқчигӣ асос ёфтаанд, рушди муназзам касб кардаанд. Шаҳодати таҳким ва рушди доимии муносибатҳои шарикии стратегии байни Федератсияи  Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар моҳи апрели соли 1999 мебошад. Зимни он санадҳои муҳим барои рушди минбаъдаи муносибатҳои стратегӣ: Шартномаи ҳамкории иттифоқчигӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ба таҳаввулоти азими асри XXI нигаронида шудааст ва Шартнома дар бораи статус ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон ба имзо расиданд.

Муносибатҳои шахсии президентҳои Россия ва Тоҷикис­тон дар рушди равобити дуҷониба ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқчигӣ нақши муҳим бозида, дӯстии ҳақиқию самимии халқҳоро нишон медиҳанд. Намунаи барҷастаи он иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнии 9 майи соли 2021 дар шаҳри Москва ба муносибати 76-умин солгарди Ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, ки сазовори ҳар гуна таҳсин ва эҳтиром аст.

Алҳол Тоҷикистон дорои иқтисоди муназзам рушдкунанда буда, он ба тараққии минбаъдаи кишвар нигаронида шудааст. Саноатикунонии босуръат ва боло бурдани иқтидорҳои инноватсионии истеҳсолот дар соҳаҳои иқтисод далели он мебошанд.

Нишондиҳандаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон солҳои охир, сарфи назар аз буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ, хусусияти болоравӣ доранд. Соли 2020 ММД Тоҷикистон бо нархҳои ҷорӣ 8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки дар муқоиса  ба соли гузаш­та, сарфи назар аз таъсири номатлуби пандемия, 4,5 фоиз  зиёд мебошад. Ҳиссаи асосиро дар ММД — и мамлакат соҳаи кишоварзӣ (22,6 фоиз) гузошт. Ҳиссаи саноат — 17,4,  тиҷорат  — 15,9  ва андозҳо 9,1 фоизи ММД — ро ташкил намуданд. Соли 2021 бошад, рушди воқеии ММД — ро  Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар сатҳи 5%, соли 2022  — 5,7 ва соли 2023 — юмро 5,9 % пешгӯйӣ намудааст.

Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон дар соли 2020

Тоҷикистон

соли 2020

Аҳолӣ, млн. нафар

9,5

ММД, млрд. доллари ИМА (бо нархҳои ҷорӣ)

8,0

ММД ба ҳар  сари аҳолӣ (бо доллари ИМА)

838,6

Сарчашма: аз рӯи маълумоти ХБА мураттаб шудааст.

Суръати рушди  ММД, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ

1

Сарчашма: дар асоси маълумоти Кумитаи омори ИДМ мураттаб шудааст.                                                                                                                                                                                                                                                                Федератсияи Россия шарики асосии фаъолияти иқтисоди хориҷии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ маҳсуб ёфта, бо  ширкати он дар Тоҷикистон баъзе аз лоиҳаҳои бузург амалӣ мешаванд, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ таҳким меёбанд. Ин ҳама омили бебаҳси кӯшиши дуҷониба барои ғанӣ ва пуррагардонии мазмуну муҳтавои ҳамкориҳо мебошанд.

Боиси қаноатмандист, ки зимни ҳамкориҳои бисёрҷанба бахши иқтисодӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад. Россия аз ҷумлаи калонтарин содиркунандагони мол ба бозорҳои Тоҷикистон буда, маҳсулоти  хом ва амволи соҳаи энергетика дар он ҳиссаи асосиро ишғол менамояд. Содироти моли истеҳсоли Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти устувор пайдо карда, 10 соли охир бемайлон меафзояд. Дар тиҷорати байни ҳар ду кишвар ҷойи асосиро сӯзишворӣ ташкил намуда, анвои ғизоӣ дар ҷои дуюм меистад, инчунин, ба Тоҷикистон аз Россия ба миқдори зиёд масолеҳи сохтмонӣ, метал, чӯбу тахта ва таҷҳизот ворид мешавад.

Аз баррасии таркиби сохтори тиҷорати байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маълум мегардад, ки он хислати «захиравӣ – ашёи хомӣ» дошта, дар он ҳиссаи маҳсулоте, ки танҳо коркарди ибтидоӣ (металҳои сиёҳ, алюминийи аввалия, чӯб, нахи пахта, маҳсулоти сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва ғайра)-ро гузаштааст, зиёд мебошад. Бинобар ин, вусъати ҳамкориҳои доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо роҳи таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамчунин, хизматрасониҳои дорои арзиши баланди изофагӣ, хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ин гуна  маҳсулот  на танҳо барои фурӯш дар Россияву Тоҷикистон, балки дар бозорҳои дигар кишварҳои хориҷӣ низ пешбинӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон қариб 200 корхона бо сармоягузории Россия фаъолият мекунанд ва наздики 40 адади онҳо ширкатҳои нисбатан калони Федератсияи Россия буда, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла, саноати кӯҳкорӣ, энергетика, таъмини маводи нефтӣ, рушди шабакаҳои таъминоти сӯзишвории автомашинаҳо, алоқа, хизматрасониҳои молиявӣ ва саноати сабук фаъолият менамоянд.

Яке аз бузургтарин лоиҳаҳои сармоягузории Россия дар Тоҷикистон НБО «Сангтӯда — 1» (тавоноиаш 670 МВт) мебошад, ки то 12 фоизи истеҳсоли солонаи неруи барқро дар ҷумҳурӣ таъмин менамояд. Он соли 2009 дар ҳамкорӣ бо ширкати россиягии «Интер РАО» бунёд шудааст. Сармоягузории Россия солҳои охир дар соҳаи сохтмон 16 миллиард рублро ташкил дод. Ширкатҳои «Росатом» ва «Интер РАО» 75 фоиз тарҳи 1 саҳмияи сармояи оинномавии «Сангтӯда — 1»-ро соҳиб мебошанд, ки он дар давраҳои пешорӯ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 метавонад барқро ба Афғонистон ва Покистон содирот намояд.

Сармоягузории Россия ба Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ рушд меёбад. Моҳи феврали соли 2021 маълум шуд, ки дар минтақаи озоди иқтисодии  Кӯлоб ифтитоҳи корхонаи муштараки Россияю Тоҷикистон оид ба коркарди пиёз, карам ва дигар сабзавот ба нақша гирифта шудааст. Чордаҳуми сентябри соли 2020 дар вилояти Суғд корхонаи парандапарварии Суғду Свердловск бо иқтидори 2,9 млн. сар мурғ ба фаъолият пардохт. Сармоягузорӣ ба он 1,4 млн. доллари ИМА — ро ташкил намуда, дар корхона 100 ҷои кор таъсис ёфт.

Солҳои 2007-2020 сармоягузории Федератсияи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,65 млрд. доллари ИМА, аз ҷумла сармоягузориҳои мустақим 898,9 млн. доллари ИМА ва сармоягузориҳои дигар 747,2 млн. доллари ИМА — ро ташкил намуданд.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳо имконоти васеи рушди ҳамкорӣ доранд ва онҳо ҳанӯз ҳам пурра истифода нашудаанд. Тоҷикис­тон, бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои бои табиӣ, аз ҷумла обӣ, маъданҳои минералӣ ва ғайриминералӣ, иқлими мусоид ва захираҳои кофии меҳнатӣ дорад. Барои истифодаи онҳо бошад, сармоягузории бештар ва технологияи замонавӣ зарур аст.

Чанде пеш сармоягузорӣ аз Россия дар ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама бештар буд. Мутаассифона, тайи чанд соли охир он кам мегардад. Таъкид кардан зарур аст, ки ҳоло сармоягузори асосии Тоҷикистон Ҷумҳурии Халқии Хитой  (ҶХХ) ба ҳисоб рафта,  ҳаҷми умумии сармоягузории он ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 1,7 млрд. доллари ИМА — ро ташкил менамояд. ҶХХ, ки ба сармоягузории Тоҷикистони мустақил хеле дер ҳамроҳ шуд, дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо Федератсияи Россия, қариб ду баробар  бештар сармоя гузошт.

2Тӯли даҳсолаи охир дар тиҷорати хориҷии Россияю Тоҷикис­тон тамоюли манфӣ низ зуҳур намуд. Гардиши савдои хориҷӣ аз 892 млн. доллари ИМА дар соли 2010 то ба 681 млн. доллари ИМА дар соли 2019 кам шуд. Содирот аз Тоҷикистон аз 631 то 454 млн. доллари ИМА, воридот аз 251 то 227 млн. доллари ИМА поён рафт. Мутобиқ ба баҳогузории пешакӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2020 гардиши хизматрасониҳо байни Россия ва Тоҷикистон 345 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки аз он 266 млн. доллари ИМА ба содироти хизматрасониҳои Россия ба Тоҷикистон ва 79 млн. доллари ИМА ба воридоти хизматрасониҳои Тоҷикистон ба Россия рост меояд.

Рушди тиҷорати хориҷии хизматрасониҳои Федератсияи Россия бо Тоҷикистон тайи солҳои 2010 — 2020

3

Эзоҳ: — баҳогузорӣ дар асоси маълумоти 9 моҳи соли 2020

Сарчашма: сомонаи расмии Бонки  Россия.

Асоси тиҷорати хизматрасониҳои миёни Россия ва Тоҷикис­тонро сафарҳои шахсӣ ва тиҷоратӣ ташкил менамоянд.  Тӯли солҳои 2010 — 2019 дар сохтори воридоти хизматрасониҳои Федератсияи Россия аз Тоҷикистон ивазшавии хизматрасониҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасониҳои нақлиёт ва сафарҳои шахсӣ ва тиҷоратӣ  ба амал омад.

Дар муносибатҳои  байни ҳар ду кишвар муҳоҷирати меҳнатӣ нишондоди хеле муҳим маҳсуб меёбад. Муҳоҷирони зиёд аз Тоҷикистон дар Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд ва сатҳи зиндагии оилаҳои онҳо  аз он вобастагӣ дорад. Субъектҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла вилоятҳои Свердловск, Волгоград ва Оренбург ба минтақаҳои деҳотнишини Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, ки заминҳои бекорхобида, деҳоти холимондаро бо тамоми шароиташ аз худ намоянд. Онҳо таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистонро  кафолат медиҳанд.

Тоҷикистон тадриҷан аз муҳоҷирати бесомон ба муҳоҷирати дунявӣ  мегузарад. Масалан, чанде пеш Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар заминаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳри Душанбе ба омодасозии мутахассисони барои иқтисоди Россия  зарур аз ҳисоби ҷавонони тоҷик оғоз кард. Дар Федератсияи Россия барои беҳтар кардани шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла онҳое, ки аз Тоҷикистон меоянд, як қатор чораҳо андешида  мешавад. Ҳамин тариқ, метавон пешбинӣ кард, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Россия кам не, баръакс, зиёд хоҳад шуд.

Ин гуна муносибат имкон хоҳад дод, ки теъдоди ҷалби ҳамватанон ба Россия  афзоиш ёбад. Ҳамкории байни Россияю Тоҷикистон дар соҳаҳои гуманитарӣ низ бемайлон ва бомуваффақият  рушд меёбад.  Намунаи равшани шарикии стратегӣ ва ҳамкории Россия  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкории муваффақона дар соҳаи маориф аст. Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон (ДСРТ), ки муассисони он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Федератсияи  Россия  мебошанд, намунаи беҳтарини ин ҳамкорӣ буда, аз рӯзи ифтитоҳи донишгоҳ дар доираи сафарҳои расмӣ ба Тоҷикистон, ба мулоқот бо донишҷӯён ва ҳайати устодону профессорон шахсони баландпояи Маҷлиси Федералӣ ва Ҳукумати Федератсияи Россия ташриф овардаанд.

Моҳи сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе расми ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов доир гардид. Моҳи июни соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон филиалҳои Институти энергетикии Москва  (ИЭМ) ва Донишгоҳи таҳқиқоти миллии технологӣ (МИСиС) ба фаъолият шурӯъ карданд.

Ҳоло дар филиалҳои донишгоҳҳои Россия, ҳамчунин ДСРТ, қариб  ҳашт ҳазор  нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Дар заминаи онҳо барои омӯзгорони донишгоҳҳои олии кишвар ба тариқи доимӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамкории Тоҷикистону Россия  дар самти интихоб ва барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия аз ҳисоби буҷети Федералии Россия тибқи квота  фиристодани ҷавонони тоҷик ва намояндагони диаспораи русзабон ҳамвора таҳким  ва рушд меёбад. Онҳое, ки соҳиби квота мешаванд, дар дилхоҳ донишгоҳи олии Россия, аз Москва то Владивосток, таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олӣ мегарданд. Ҳамин тариқ, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши таҳсил кардан дар донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия доранд, ҳар сол зиёд  мешавад.

Тоҷикистон кишварест, ки дар он забони русӣ маҳбубияташро дар байни аҳолӣ гум накардааст. Мақоми он дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муайян ва сабт шудааст. Дар ҷумҳурӣ талабот ба мактаб­ҳои таҳсилашон бо забони русӣ, ба китобҳои дарсии муосир, дастурҳои таълимӣ – методӣ ва аёнӣ, воситаҳои мултимедии таълим бемайлон афзоиш меёбад. Оғози бунёди панҷ муассисаи таълимии таҳсилашон бо забони русӣ аз ҳисоби буҷети давлатии Федератсияи Россия дар панҷ шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати барҷастаи он мебошад.

Илова бар ин, лоиҳаи фиристодани муаллим аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани забони русӣ ба аҳолии маҳаллӣ дар доираи лоиҳаи фонди «Русский мир» («Олами рус») фаъолона амалӣ мешавад. Таҳти назар ва сарпарастии Шӯрои федератсияи  Маҷлиси Федералии  Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 -ум 30 нафар, соли 2018 — 48 ва соли — 2020  50 нафар омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  фиристода шуда, ба хонандагони тоҷик забони русӣ, адабиёт, математика ва физика меомӯзанд. Ҳамон тавре ки чунин кор дар солҳои 30-юми асри гузашта сурат гирифта буд.

Ба пиндори мо, рушди муназзами муносибатҳои дуҷонибаи Россияю Тоҷикистон, ба мамлакатҳо имкон медиҳад, ки робитаҳои дӯстона ва бародаронаро ба сатҳи нав барорем.

Россиягиҳо ва тоҷикистониён ҳамеша халқҳои бародар буданд ва чунин мемонанд. Қалбҳои мардуми Россияву Тоҷикистон бо муносибатҳои самимии инсондӯстона  пайвандӣ дошта, намегузорад, ки  байни онҳо сарҳад гузошта шавад. Дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ аз санҷиши асрҳо гузашта, ҷовидона мебошад.

Нуралӣ ҚУРБОНОВ,

доктори илмҳои иқтисод, профессор, мушовири

ректори Донишгоҳи давлатии кашфу геологии Россия  ба номи Серго Орҷоникидзе