Рушди робитаҳои бародаршаҳрӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

ГОРДУМА131 октябри соли 2015 ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Душанбе аз шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой баҳри таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ таҳти роҳбарии узви Кумитаи доимии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғур ҷаноби Чжу Хайлун ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар ин сафар ҳайати меҳмонони бонуфузро дар баробари узви Кумитаи доимии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии халқии Хитой дар Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғур ҷаноби Чжу Хайлун ва дигар намояндагони баландпояи Ҳукумати халқии шаҳри Урумчӣ, инчунин роҳбарони шаш ширкати бонуфузи Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой — Xinjiang Hualing Industry & Trade «Ко. ЛТД», YEMA «Групп Ко. ЛТД», «SANBAO», Xinjiang Guanghui Industry Investment «Груп Ко. ЛТД»,  West Region Light Industry Base «ЛТД  ва TBEA» Xinjiang Sunoasis «Ко. ЛТД» ҳамроҳӣ мекунанд.

Субҳи якуми ноябри соли 2015 тибқи барномаи омодагардидаи сафар ҳайати бонуфузи Ҳукумати халқии шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбаладии муовинони Раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов ва Шуҳрат Мақсудзода нахуст аз навбати дуюми сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2»  дидан намуданд.

Меҳмонон зимни мулоқот бо кормандони ин марказ, ки ҳоло корҳои сохтмонии навбати дуюми иншоот аз ҷониби ширкати хитойии «TBEA» амалӣ мешавад, таъкид намуданд, ки ба беҳдошти муҳити зист бояд диққати хоса дода шавад ва  иброз доштанд, ки ин лоиҳа нишондиҳандаи сатҳи баланди шарикии бунёдкорона ва босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Хитой дар соҳаи энергетика мебошад, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2»  барои сокинони шаҳр иншоооти ҳаётан муҳим  ба ҳисоб рафта, ифодагари ҳамкориҳои судманд бо кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя- Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, ки аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва  ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ саҳми босазо мегузорад.

Сипас, ҳайати меҳмонон аз Боғи тозабунёди «Пойтахт», ки имрӯз ба яке аз маконҳои дӯстдоштатарини сокинони пойтахт табдил ёфтааст, дидан карданд.

Ҳамчунин меҳмонон  ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ташриф оварда, бо гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ,  аз қабили сару либоси миллӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ,  марказҳои омӯзишии тарроҳону зардӯзон, рассомон, кандакорон, ки фаъолияти ҳамаи онҳо  ба рушди ҳунарҳои миллӣ равона гардида, муаррифгари маданияти бою қадимаи халқи тоҷик аст, шинос шуданд.

Ҳамзамон меҳмонон аз Кохи тозабунёди  «Наврӯз» низ дидан намуданд.

Зимни боздид ҳайати меҳмононро тарҳу намо ва сохти меъмории иншооти мазкур, ҳунари устоҳои чирадасти тоҷик, бахусус толорҳои барҳавою кандакории дохили он, ки бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир ва ороишоти дилошӯб, ба мисли кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам оина  оро  ёфтааст, ба ваҷд овард.

Тибқи барномаи омодагардидаи сафар ҳайати меҳмонон бо роҳбаладии  муовини Раиси шаҳри Душанбе Шуҳрат Мақсудзода ва дигар масъулини шаҳр дар нимаи дуюми ҳамон рӯз аз КВД «Пойтахт — 90» боздид ба амал оварда, бо фарҳанги бозордории душанбегиҳо шинос гардиданд.

Тарҳу намои зебои зоҳирӣ ва шароити мусоиди хизматрасонӣ дар дохили ин маҷмааи савдо  бо омезиши  меъёрҳои меъмории Шарқу Ғарб, ки бо афзалият додан ба унсурҳои миллии ороишӣ дар майдони 3,31 гектар бунёд ёфта,  аз фарҳанги волои бозаргонию бозордорӣ ва хизматрасонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик  бозгӯйӣ мекард, писанди меҳмонон гардид.

Шоми ҳамон рӯз ҳайати меҳмонон ба Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» ташриф оварданд.

Дар ин макон нахуст мулоқоти хосаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбари ҳайати бонуфузи Ҳукумати халқии  шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой, узви Кумитаи доимии Ҳизби комунистии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғур ҷаноби Чжу Хайлун доир гардид, ки дар он ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сян Жун ширкат намуд.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пазироии самимӣ аз роҳбари ҳайат баргузории сафари мазкурро, ки дар доираи таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ ҷараён дорад, фоли нек арзёбӣ кард.

Ҳамзамон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки дар партави ин ҳамкориҳо зимни баргузории Форуми сеюми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳавзаи иқтисодии «Роҳи бузурги абрешим», ки рӯзҳои 24-25 июли соли равон дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо иштироки намояндагони 55 шаҳри бузурги дунё сурат гирифт, шаҳри Душанбе дар қатори 16 шаҳри кишварҳои ҷаҳон ба ҳайати Раёсати Форуми  рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳавзаи иқтисодии «Роҳи бузурги абрешим» пазируфта шуд.

Дар робита ба ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки ин арҷгузорӣ ва эҳтиром оид ба шаҳри Душанбе тақозо менамояд, ки дар сатҳи робитаҳои бародаршаҳрӣ баҳри амалисозии сиёсату ҳадафҳои созандаи сарони ҳар ду кишвари дӯсту ҳамсоя тадбирҳои муассири мутақобилан судманд роҳандозӣ карда шаванд.

Дар ин самт ҷонибҳо омодагии ҳамаҷонибаи хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу иҷтимоиёт,  маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ ва сайёҳӣ баён доштанд. Ҷаноби Чжу Хайлун аз пазироӣ ва ташкили барномаи сафар изҳори қаноатмандӣ карда, дар навбати худ бо итминон зикр кард, ки барои ба сатҳи баланд бардоштани рушди муносибатҳои дуҷонибаи бародаршаҳрӣ Ҳукумати халқии шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой тамоми кӯшиши худро равона хоҳад кард.

Зимни мулоқот ҷаноби Чжу Хайлун аз натиҷаи нахустин сафар ба шаҳри Душанбе  бардоштҳояшро оид ба ободонӣ, рушди муттасили меъморӣ ва тозагию фарҳанги шаҳрдорӣ нек арзёбӣ кард.

Ҳамзамон баҳри таҳкиму тақвияти робитаҳои бародаршаҳрӣ аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба миён овард, ки дар вақти барояш муносиб ба шаҳри Урумчӣ ташрифи расмӣ анҷом диҳад.

Баъди анҷоми мулоқоти хоса вохӯрии ҳайатҳои расмӣ доир гардид, ки дар он масоили амалисозии минбаъдаи тасмиму тафоҳумоти миёни раисони шаҳрҳо матраҳ шуданд. Аз ҷумла дар асоси пешниҳодоти Раиси шаҳри Душанбе ҳайати меҳмонон барои бо ҷалби сармояи ширкатҳои шаҳри Урумчӣ баҳри рушди саноати шаҳри Душанбе ва таъсиси ҳар чӣ бештари ҷойҳои нави корӣ бо тарҳрезии лоиҳаҳои мушаххас ташкил намудани корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар бахши истеҳсоли фурӯзонакҳои свето-диодӣ, нанотехнология, маводи сохтмон, коргоҳҳои муосири дӯзандагӣ ва ғайра, бо омӯзиши бозори дохилию минтақа, изҳори омодагӣ карданд.

Ҳамзамон доир ба вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти роҳсозӣ, рушди инфрасохторӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, реклама ва ороиши берунаи шаҳр, сабзкорӣ ва варзишу сайёҳӣ ҷонибҳо ба тафоҳум расида, ҷиҳати амалӣ кардани онҳо ва дастгирии соҳибкорӣ, бо истифода аз таҷрибаи муваффақонаи фаъолияти намояндаи ваколатдори Раиси шаҳри Душанбе дар назди Ҳукумати халқии шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ба қароре омаданд, ки намояндаи ваколатдори Ҳукумати халқии шаҳри Урумчӣ дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

Субҳи дуюми ноябр сафари расмии ҳайати бонуфузи Ҳукумати халқии  шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой дар пойтахт бо боздид аз ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» ва ҶДММ «Ноқили Талко» идома ёфт.

Ҳангоми боздид аз ин ду корхонаи саноатӣ, ки  бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифату рақобатпазир аз калонтарин корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб мераванд, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар бахши саноатро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор хоҳанд дод.

Зимни ин шиносоӣ, соҳибкорони хитойӣ аз имкониятҳои ҷойдошта барои ҳамкориҳои минбаъда бархӯрдор гардида, ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштарак бо субъектҳои хоҷагидории шаҳр ба тафоҳум расиданд, ки тариқи анҷоми пажӯҳишоти марбута дар ин самт нақшаҳои мушаххасро амалӣ хоҳанд намуд.

Баъди анҷоми сафари расмии худ ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Душанбе аз шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой парвоз намуд.

Ш. САИДОВ