Чанде пеш дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати VI, дар баробари масоили ҷорӣ, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №301 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Оид ба ин масъала муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ маърӯза кард.
Ӯ изҳор дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», «Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду давра (солҳои 2015-2017 ва 2018-2020)» ва Нақша — чорабиниҳои амалӣ намудани онҳо дар вилояти Суғд имконият фароҳам оварданд, ки солҳои охир оид ба бунёди иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби давлат ва соҳибкорон тадбирҳо андешида шаванд. Аз ҷумла, барқарор шудани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҷиби зиёд шудани рафтуомади сайёҳон ва рушди сайёҳӣ байни ду ҷумҳурӣ гардид.
- Тибқи маълумот, соли 2019 шумораи сайёҳон тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба 5790 нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 1236 нафар зиёд аст, — гуфт Анвар Яъқубӣ. — Алҳол дар вилоят 40 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки дар муқоиса ба соли 2018-ум ду баробар бештар аст. Барои мисол, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 9 ширкат, Панҷакент — 23, Истаравшан — 2, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон ва Исфара як ширкатӣ фаъолият доранд.
Зикр шуд, ки дар Суғд барои истироҳату фароғати сайёҳон 89 меҳмонхонаву осоишгоҳ, 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 2 осорхонаи вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ, 6 хона — осорхона ва мавзеъҳои таърихию зиёратгоҳҳо мавҷуд мебошад.
- Эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) ва ифтитоҳи иншооти хизматрасонӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳа буда, соҳибкорони маҳаллиро барои бунёди ҳар чӣ бештари марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷуда рӯҳбаланд намуд, — гуфт А. Яъқубӣ ва афзуд:
- Аз ин ҷост, ки дар доираи корҳои ободонӣ ба пешвози 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, 9 гулгашт, 13 ҳаммом, 102 маркази савдо, 108 маркази хизматрасонӣ ва 5 меҳмонхона ба истифода дода шудааст, ки ба рушду нумӯи соҳа мусоидат менамоянд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»