Чунин ном дошт Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки якуми апрел бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар Форум зиёда аз 150 нафар намоянда аз ширкату корхонаҳои саноатии кишвар, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок доштанд.
-Баргузории Форуми минтақавӣ дар шаҳри Истаравшан қадами муассир дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар хоҳад буд,- изҳор дошт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода.
Ҳадаф аз баргузории Форум вусъат додани ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ арзёби гардид.
Дар Форум менеҷери минтақавии Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд Ҷамила Мирсаидова, директори Иттифоқи рушди бахши хусусӣ Наима Нурматова, намояндаи ҶСП «Оби зулол» ва директори ҶДММ «Мармарӣ» –Зафар Ҳакимов низ суханронӣ карданд.
Баъди ба имзо расидани 10 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳо иштирокчиён аз мавзеи таърихии «Қалъаи Муғ» дидан ва дар маросими оғози фаъолияти ширкати хизматрасонии «1111» иштирок намуданд.
М.МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»