Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро қабул намудааст, ки тибқи он бояд рушди иқтидори содиротии мамлакат боло рафта, вобастагии бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулот камтар гардад.
Мувофиқи нишондодҳои оморӣ, соли гузашта воридоти мол ба як миллиарду 200 миллион доллар ва содирот ба 355 миллиону 900 ҳазор доллар расид.
Чанд сол муқаддам маҳсулоти содиротии кишвар асосан аз алюминийи аввалия, нахи пахта ва сабзавоту мева иборат буд. Ҳоло бошад, бо андешидани тадбирҳо имкон фароҳам шуд, ки дар таркиби содирот ҳиссаи маъданҳо, семент, қувваи барқ, маҳсулоти тайёр аз пахта, шоҳӣ, пӯстҳои коркардшуда, металлҳои сиёҳ, ангишт ва ғайра афзоиш ёбад.
Аз 2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Дар робита бо ин кишвар як қатор уҳдадориҳоро, ки дар озодкунии минбаъдаи реҷаи савдо ва суръат бахшидани ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷахонӣ ифода меёбад, ба зимма гирифт.
Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки соли 2017 истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба 3117173,0 тонна расид, ки нисбат ба соли 2016-ум 1,1 миллион тонна зиёд мебошад. Муҳимтар аз ҳама, содирот ба кишварҳои хориҷӣ ба 1022,5 ҳазор тонна баробар шуд. Лозим ба ёдоварист, ки қаблан Тоҷикистон аз Покистон, Эрон ва Қазоқистон ҳар сол то 2 миллион тонна семент ворид мекард.
Содироти ангишти хушсифати Тоҷикистон бошад, соли сипаришуда ба 4654 тонна расид ва дар ҳоли афзоиш аст.
Яке аз омилҳои муаррифӣ намудани молу маҳсулот барои рушди содирот иштирок дар намоишгоҳҳои молу маҳсулот мебошад.
Ин ҷо оид ба раванди ҷалби муштариён ва рушди содирот Намоишгоҳи байналмилалии «Кантон Файр» (Сanton Fair) — ро, ки ҳар сол ду маротиба дар шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мегардад, мисол овардан мехоҳам.
Шаҳри Гуанҷоу маркази вилояти Гуандун буда, аҳолиаш ба 10 млн. нафар мерасад. Масоҳати шаҳр 7434,4 км2 — ро дар бар гирифта, аз лиҳози бузургӣ баъди Шанхаю Пекин дар мақоми сеюм меистад.
Барои роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ бо мамолики хориҷӣ мавқеи ҷуғрофии хеле мувофиқ дорад.
Дар тӯли асрҳо аз Гуанҷоу Шоҳроҳи баҳрии абрешим ибтидо мегирифт ва дар қатори тавлиди маҳсулоти саноатӣ, ҳамчунин, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, ки харидорони зиёд доранд, ба роҳ монда мешуд. Маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дар баробари он ки муаррифигари фарҳангу анъаноти ҳар як халқу миллатанд, дар рушди иқтисоди миллии онҳо нақши муассир доранд. Бо дарназардошти муҳимияти ҳунарҳои мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 — ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ин иқдом тоҷирони тоҷикро муваззаф менамояд, ки дар ин самт бо ҳунармандони мардумии хитойӣ робитаву ҳамкориро тавсеа бахшанд.
Камина шаш маротиба дар намоишгоҳи мазкур ширкат доштам ва шоҳиди он гаштам, ки аз як намоиш то намоиши дигар тавлидоти нав, яъне маҳсулоти соли охир истеҳсолшуда ба тамошо гузошта мешавад.
Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ барои муштариён тамоми шароит фароҳам аст. Инфрасохтор, паёмҳои таблиғотӣ (рекламаҳо, роликҳо) дар сатҳи олӣ пешкаш мешаванд. Муоширату муомилоти (этикаи) бозаргонии онҳо намунаи ибрат мебошад. Табиист, ки ин ҳама боиси ривоҷу равнақи содироти истеҳсолкунандагони Хитой гардидааст.
Бо дарназардошти гуфтаи боло, зарур аст, ки тадбирҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани сифати маҳсулот, мутобиқи меъёру стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиё ва бозорҳои дигари эҳтимолии фурӯш, мукаммалсозии борбандӣ, тамғаи мол, ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили логистика, инфрасохтори нақлиёт ва инкишофи менеҷменти сифат андешида шаванд.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки дар Тоҷикистони азизи мо барои ташкили истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот ва рушди содирот имконияту захираҳои зарурӣ мавҷуданд.
Хайрулло ТАБАРОВ, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Содирот»-и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон