Саҷдагоҳи мо яке бошад – Ватан!

№26 (4766) 26.02.2024

Қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдонию инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаё­тамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиямон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Эмомалӣ РАҲМОН

 Бузургмардони адабиёти ҷаҳонгири классикамон он қадар ғояҳои баланди инсонпарваронаро мавриди ситоиш қарор додаанд, ки мо, ворисон, дар боби башардӯстӣ фидоӣ шудаем. Мутаассифона, ҳамин ҷиҳат ба нуқтаи нисбатан осебпазири мо бадал гашта, аз ҷониби бадхоҳони мо суиистифода мешавад. Ҳамин шуду ба сари миллати мо, ки аҳли оламро ба ваҳдату ягонагӣ, тақсимнопазирии ватани ягона — Замини муқаддас ҳидоят менамояд, дар ҳама давру замон тохтутозу шамшеркашиҳо сурат мегирифт. Мисоли тозааш ҷанги таҳмилии солҳои навадуми асри гузашта мебошад. Ба амри Яздони пок, талошу фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати саривақтии тоҷикон мушти обдоре гардид бар даҳону бинии нотавонбинон. Оре! Абёти Шайх Саъдӣ бо

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

ки дар пешайвони СММ бо ҳуруфи зарҳалӣ ҳаккокӣ гардидааст, асрҳост аз оламиён даъват ба ҳамзистии осоишта дорад, вале ин ҳама ба гӯши душманони миллати тоҷик чун ба гӯши мурда азон хондан аст. Яке аз омӯзгорони донишгоҳ нақл намуд, ки ҳамроҳи завҷааш, ки зани гулчеҳраю зебоандом будааст, сайр доштаанд. Ногаҳон ду-се ҷавони бадахлоқ бесабаб ба онҳо часпиданд.

- Ман аз Рӯдакию Саъдӣ ба онҳо панд доданӣ мешудам, вале онҳо мани афтодаро зери мушту лагад гирифта, кай парвои «Мардӣ набувад фитодаро пой задан!», доштанд, — қисса кард омӯзгор.

Дар даврони шуравӣ аз интернатсионализми баланди худ аз ҳама зиёд мо, тоҷикон, ҳудуду арзишҳоямонро аз даст додем. Душманони миллати тоҷик аз як тараф рӯҳияи баланди гуманистона, аз тарафи дигар иллатҳои то ҳанӯз боқимондаи мо, тоҷиконро моҳирона омӯхтаю устокорона ба нафъи худу зиёни мо истифода намуданд. Ҳамаи кулфату мусибатҳои сари «миллати мо бар миллати дигаре теғ накашида»-ро ҳам мутаассифона, ҳамин гуманизми аз ҳад зиёд боис гардида, ки то ҷое манфиати миллиро ба қурбонӣ овардаем.

Воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати мо имтиҳони ҷиддии таърихӣ буданд ва мо аз он давраи ниҳоят сангин барои имрӯзу оянда сабақҳои фаромӯшношуданӣ бояд гирифта бошем. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам кам нестанд, унсурҳои хиёнаткору ҷиноятпешае, ки нақшаҳои ифлос бар сар доранд. Ба хотири манфиати шахсӣ аз разолат рӯ намегардонанд. Дар ҳамдастӣ бо аҷнабиён нақшаҳои хоинонаро тарҳрезӣ доранд. Яке бо суиистифода аз номи ислом бо об рехтан сари арзишҳои миллию ватандорӣ даст ба кор асту дигаре сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро хати батлон кашиданӣ мешавад. Парвои тақдири миллату меҳан надоранд. Фурсати он омада, ки сохторҳои салоҳиятдор дар муқобили иғвогариҳои рӯҳониёни иртиҷоӣ, мағзшӯию ба таассубу ифрот кашидани ҷавонон муборизаро пурзӯр намоянд. Ҳифзи суботу амнияти миллату давлат, тақдири миллат, Тоҷикистони азиз қарзу фарзи ҳар фарди солимфикри кишвар бояд бошад.

Дар акси ҳол дар ин дунёи ноором, дар вазъияте, ки Тоҷикис­тони соҳибистиқлол дар иҳотаи дасисаву низоъ, тазйиқу фишорҳо қарор дорад, номаълум мемонад, ки моро чӣ интизор аст? Беҳуда сарвазири вақти Англия Черчилл нагуфта буд: «Англия дӯстони абадӣ надорад, балки манфиати абадӣ дорад». Дӯс­тонро ҳам, душманонро ҳам бисёр дидем, ки дидем.

Тоҷик ҳамеша ҷонибдори сулҳ, ваҳдат, дӯстию бародарӣ буд ва хоҳад монд. Дар баробари он ҳама фазилатҳои нек мо бояд омодаи рафъи ҳама гуна хиёнатҳо бошем. Манфиати миллӣ, бечунучаро муқаддаму муқаддастар аз динию мазҳабист. Миллати тоҷик на танҳо мероси бойи адабӣ, балки мавриди ҳарбӣ-ватандӯстӣ низ намунаҳои беҳтаринро аз худ боқӣ гузоштааст. Сарлашкарону қаҳрамононе чун Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Шоҳбол – шоҳи Хатлони ғосибони арабро шикастдода ва боис ба эҷоди шеъри таърихии «Аз Хуталон омадия…» гардида, Муқаннаъ, Спитамен, Темурмалик, Восеъ, Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва бисёр дигар мебошад, ки бо диловарию шуҷоат ва намунаи баландтарини ватандӯс­тиашон ном дар таърих гузоштаанд. Асари безаволи Фирдавсии бузург «Шоҳнома» намунаи беҳтарини дарси далерию ватандӯстӣ ва китоби рӯимизии ҳар афсару сарбози Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Чигунагии сохторҳои қудратӣ, артиши тоҷикро ин мушовири бузурги илми ҳарбӣ ҳанӯз чанд аср пеш таъкид намуда буд:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Замони он расида, ки шиори мо, тоҷикон, ҳам «Манфиати абадии Тоҷикистон!» гардад.

Шиори мо тоҷикон бояд яке бошад:

Ваҳдат! Ваҳдат! Ва боз ҳам Ваҳдат!

Саҷдагоҳи мо яке бошад:

Ватан! Ватан! Ватан!

Сарвати мо яке бошад:

Садоқат! Садоқат! Садоқат!

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»