Саҳми ақибгоҳ дар ғалаба

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

Коллаж АкибгохҶанг! Ин калима ба дилҳо тарс оварда, хотири мардумро ошуфта мегардонад. Пушти он, ки аз чор ҳарф сохта шудааст, мусибатҳои гарон меистад, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. Пеши рӯ шаҳру деҳи сӯхта, ҷасадҳои бешумор, гиряи тифлони бесоҳибмонда, арӯсони пурармону модарони зор, ҷавонони бедасту пой ва кару гунг ҷилвагар мегардад.

Соли 1941. Душмани тавоно мехост давлати ҷавони Иттиҳоди Шӯравиро ғофилгир кунад. Дар дили шаб артиши Германияи фашистӣ, даме ки тифлакон дар хоби маст буданд, шаҳрҳои бузургу деҳу деҳкадаро ба коми оташ кашид. Шуълаи оташ сар ба гардунҳо мекӯфт. Хушку тарро ба комаш фурӯ мебурд Германия мехост давлати бузурги сотсиалистиро мутеъ намояд. Калонҳо мегуфтанд, ки Гитлер ва ҳамкосаҳояш давлати камбағалпарварро дидан намехоҳанд. Давлате, ки сари фармони ҳукуматаш бачаҳои коргару деҳқон менишастанд, писандашон нест.

 Мардуми кишвар — зану мард дар муқобили душман ба даст силоҳ гирифтанд. Ҳанӯз соли дувуми ҷанг фашистон эҳсос карданд, ки ғалаба насиби онҳо нест. Аждаҳои бузург аз бозии саркардааш пушаймон шуд, вале дигар чора надошт. Касе гуноҳи ӯро намебахшид.

Майдони ҷанг аз Тоҷикистон дур буд. Мо дар ақибгоҳи дур қарор доштем. Касе садои тирро намешунид, вале касофатии он то ба ҷойҳои мо ҳам омад. Тоҷикистон ҳам гӯё дар миёни оташ месӯхт. Мардум гурусна мемонданд. Дурдасттарин деҳа низ дар чанголи дарду ғам метапид. Қувваи корӣ намерасид. Ҷавонҳо ба ҷанг мерафтанд. Дар деҳаҳо пирону тифлон мемонданд. Арӯсони армон дар дил ба ҷои гумкардаҳои хеш ба саҳро мебаромаданд. Дар равшании моҳи тобистон гандум медаравиданд. Агар шаб ба саҳни ҳавлӣ мебаромадӣ, аз ҳар дараи кӯҳи пешорӯи деҳа суруд хондани даравгарҳо ба гӯш мерасид, суруд не, нолаи пурдарди онҳо бо забони шеър баён мегардид. Дар суруди онҳо фоҷиаи болои халқи шӯравиомада ифода мешуд. Аз он баландӣ овози зане фазои деҳаро пур мекард:

Ин мурғи сафеда қош кашидан заргарӣ,

Ин додари якторама бурдан аскарӣ.

Аскаруш нагӯ банди дилум меларза,

Додараки ман ба як ҷаҳон меарза.

Ҳанӯз акси овози зани аввал канда нашуда, аз дараи дуюм зани аламдори дигар овоз баланд мекард:

Поезд умад истансаҳо ларзон шид,

Аскарбачае ай захми тир нолон шид.

Аскарбачае, дар ранги зардат садқа,

Дар чеҳраи ранҷури ба дардат садқа.

То поси шаб медаравиданду нолаи пурдард гӯши фалакро кар мекард:

Бачам таги кӯҳ ман таги кӯҳпора,

Бачам аскарӣ рафтай, ҷигарҳом пора.

Ҳар касе, ки хабари бачама биёра,

Куртаи танамай садақа ба як бечора.

 Онҳое, ки пои равон надоштанд, зориву тавалло мекарданд, ки беруни хона рӯи суфа ва ё болои бом ҷои хобашро партоянд. Ба нолаи дили даравгарҳо гӯш медоданду ашк мерехтанд. Барои ҳама мушкил буд. Тамоми заминҳои кӯҳу пуштаро ғалла кишт мекарданд. Дигар як ваҷаб замини холӣ ёфт намешуд, вале мардум гурусна буданд. Решаи алаф мехӯрданд, кунҷора мехӯрданд. Гандум ба фронт мерафт, гӯшт ба фронт мерафт, сарулибос ба фронт мерафт. Азоби гӯр мекашиданд, лекин ҳар як сокини деҳа мехост, ки ба аскарбачаҳои қаҳрамон туҳфа фиристад. Медонистанд, ки азоби аскарҳо аз онҳо бештар аст. Баъзе аз ҷанговарон аз фронт бармегаштанд: нафаре даст надошту дуюмӣ по. Аскари дигар нобино ё кару гунг буд… Вақте қиссаи ҷанги «Гирмон»-ро ҳикоя мекарданд, мӯи бадани одам рост мешуд. Азоби мардуме, ки хонаашон ба майдони ҳарбузарб табдил ёфта буд, аз ин мардум сад бор бадтар будааст.

Занону духтарон ба майдони ҷанг нарафтанд, вале дар ақибгоҳ мардона мубориза бурданд. Ҳар гоҳ шеъри устод Лоиқ «Духтари деҳ»-ро ба ёд меорам, беихтиёр ашки шӯр соғари чашмонамро пур мекунад. Ба назарам менамояд, ки модарону бибиҳои мо, аммаву холаҳои мо буданд, ки дар ақибгоҳ қаҳрамонӣ карданд ва шоир рӯзгори онҳоро тараннум кардааст:

Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус,

Набастӣ захмҳои аскаронро.

Накардӣ сила бо дастони гармат,

Тани аз тир маҷруҳи ҷавонро.

Валекин андаруни номаи худ,

Фиристодӣ ба ӯ рӯймоли алвон.

Ки дар рӯзи зафар бошад ба дасташ,

Ба мисли парчами сурхе парафшон…

Ҳанӯз овози пур аз дарди холаи Алиф дар гӯшам садо медиҳад: «Соли аввали ҷанг бачаи калониро гирифтанд. Дар хона арӯс бо ду кӯдак монду Зиёвиддини ҷон. Охири соли дуюм ба номи бачаи хурдӣ ҳам даъватнома омад. Ӯ нав ҳабдаҳро пур карда буд. Он рӯзҳоро бараду дигар наорад, ҷигари хола. Дунё дар назарам рангу бӯ надошт. Дилам монд аз одаму олам. Зимистон буду барф меборид. Саҳарӣ хеста, орди будагиро кулча шӯридам. Алов мондам дар дегдон. Аз ҳар гӯшаи деҳа қарсоқарси чӯбшиканӣ ба гӯш мерасид. Очаҳои берӯзӣ ба аска рбачаҳо тӯшаи сафар тайёр мекарданд. Як халта кулча бастам барои бачам. То Ҳойит аз паси бачам рафтам. Дар барфи баланд афтону хезон дунболи аскарбачаҳо медавидам. Дили вай гувоҳӣ дод, ки дар ин дунё дигар дидор намебинем…

Набераи калонӣ Шаҳноз то чили келин нарасид. Модараш ӯро ба назди хеш хонд. Аз решаи гули лолаҷиғак нон пухтам. Нони чӣ?! Аз рӯзи ногузаро. Собуни ҷомашӯӣ ворӣ лағжонак буду санг барин сахт. Ҳар қадар зӯр мезадӣ, мулоим намешуд. Ҳамон нон дар гулӯи духтари ноком дармонд. Зӯру мадор, ки надошт, зуд ҷон дод.

Ҷони одами хокӣ аз санг будааст, додари ҷон. Ба ҳама азоб тоб овардем, даст дар гиребон шукр гуфтем ва боз ба рӯзи нек расидем.

Шукр, ҳамааш гузашт. Мардуми кишвари паҳновар, ки бо чанд забон ҳарф мезаданд, ба ҳамдигар дӯсту бародар буданд ва ҳамдастию тифоқӣ барояшон зафар овард. Дӯстӣ ва ягонагӣ буд, ки Гирмони лаънатӣ бо он ҳама танку тӯпу самолётҳояш натавонист давлати ҷавони сотсиалистиро маҳв кунад…».

Рӯзи ғалаба низ марду зан ашк рехтанд. Ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданду зор-зор мисли абри навбаҳор мегирис­танд. Аммо ин гиряи шодӣ, гиряи зафар буд. Пирони рӯзгордида дар намозашон дуо мекарданд, ки Худованд он рӯзҳоро дигар наорад.

Ҷанг тамом шуд, вале он қадар харобиро мерос монд, ки ҳисобаш гум. Мардум бовар надоштанд, ки дар садсолаҳо харобаҳо дубора обод мешаванд. Одамони ҷаҳонгард аз кишварҳои Украинаву назди Балтик, аз Россия меомаданд ва бо ҳасрат дар бораи шаҳрҳои вайрону валангор қисса мекарданд. Ба Гирмону сарварони фашистон лаънат мехонданд. Аз қабристонҳои бешумор мегуфтанду мегиристанд…

Ҷанг ба иқтисоди Тоҷикистон низ таъсир карда, хоҷагиҳо, қариб ки аз фаъолият монда буданд. Корхонаҳои саноатӣ суст кор мекарданд. Мардум музди ночиз мегирифтанд. Қимати маҳсулоти ғизоӣ ҳанӯз баланд буд. Шикамсерӣ нон ёфтан насиби ҳар кас набуд…

Аммо мардум ғаму дардро фаромӯш намуда, камари ҳиммат бастанду пайи ободӣ шабу рӯз меҳнат карданд. Вайронаҳо обод шуданд, дар лабони тифлакон ханда гул кард, аммо доғи шаҳидони ҷанг дар дилҳо монд. Ҳанӯз дили модарони фарзандгумкарда дар ақибгоҳ ба ёди фарзанд сих мезад. Модарону арӯсони пурармон дар дили шаб ба ёди гумкардаҳо ашк мерехтанд. Бо вуҷуди мушкилиҳо шук­рона мекарданд, шукронаи ғалабаи некӣ ба бадӣ, шукронаи сулҳу оромӣ, шукронаи ободии вайронаҳои Ватан.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»