Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 22- солагии фаъолияти мақомоти прокуратураи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 89- солагии таъсисёбии прокуратура дар Тоҷикистон ҷамъомади ботантана доир гардид.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дар суханрониаш бахшида ба ин санаҳои муҳим зикр намуд, ки прокуратураи Тоҷикистон роҳи пуршарафи таърихиро тай намудааст. 14 декабри соли 1924 аз ҷониби Комитети инқилобии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъсиси Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин рӯз санаи таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Баъди мустақилият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон якумин прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил ва соҳибистиқлол 14 марти соли 1992 таъин карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори нахуст 30 апрели соли 1992 қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Аз ҳамон рӯз фаъолияти мақомоти прокуратураи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар вазъияти муташанниҷи солҳои аввали истиқлолият кормандони мақомоти прокуратура дар ҳамкории зич бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ барои мустаҳкам намудани қонуният, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва ҷорӣ намудани тартибот дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешиданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи ҳуқуқи инсон, баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо, назорати риояи қонунгузории замин, интизоми бақайдгирии ҷиноятҳо ва ошкоркунии ҷиноятҳои аз қайд пинҳонмонда ва бо ин васила таъмини принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ, равонакунии санадҳои эътиноии прокурорӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳим, таъмини иҷрои воқеии санадҳои эътиноии прокурорӣ ва судӣ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», алалхусус дар мавриди пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура эътироф шудаанд.
Барои меҳнати софдилона ва пурсамар беш аз 190 нафар кормандони мақомоти прокуратура бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардиданд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва натиҷаҳои самаранок ислоҳот ва дигаргуниҳои ҷиддӣ дар кору фаъолияти мақомот ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла барои баланд бардоштани мустақилияти фаъолияти прокуратураҳои поёнӣ, кам кардани санҷишҳо ва санадҳои эътиноии прокурорӣ, ки хусусияти расмиятчигӣ доранд, беҳтар намудани бақайдгирии ҷиноятҳо ва роҳ надодан ба пинҳонкунии онҳо, таъминот бо воситаҳои навтарини илмӣ- техникии криминалистӣ ва тафтишотӣ, адабиёти навтарини ҳуқуқӣ, баланд бардоштани дониш, малакаи касбӣ ва ҳисси масъулияти кормандон тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Тайи чор соли охир қабул ба кор танҳо аз тариқи озмун ба роҳ монда шудааст ва он идома хоҳад ёфт. Дар ин давра даҳ бинои нави прокуратураҳо ба маблағи умумии 8,5 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода, ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ таъмири асосии биноҳои прокуратураҳо анҷом дода шудааст.
Дар вазъияти ботантана 30 нафар корманди ҷавон, ки тариқи озмун ба кор қабул шудаанд, савганд ёд карда, расман ба фаъолият оғоз намуданд. Инчунин чанде аз кормандони мақомоти прокуратура бо рутбаҳои хизматӣ ва мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»