Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли равон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуд, ки ин иқдом ҷиҳати таҳкими заминаи маънавии оила, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши занон дар ҷомеа ва тарбияи насли солим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки барои солимии оила бояд сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии занон баланд бардошта шавад. Чунки мустаҳкамии оила аз занону модарон низ вобаста аст.
Рушди фарҳанги оиладорӣ масъулияти зиёд тақозо мекунад. Оилае, ки дар доираи қонун ва ҳамдигарфаҳмӣ бунёд ёфтааст, аз парокандашавӣ эмин мемонад.
Оилаи солим метавонад дар созандагӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорад, ҷиҳати тайёр намудани оилаҳои ҷавон ба ҳаёти мустақилона роҳнамо бошад, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, мисли меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ ва якдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ маҳз аз оила оғозу ташаккул меёбанд.
Қисмате аз волидон нисбати фарзандон дар иҷрои муҳимтарин уҳдадориҳои худ бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд ва ояндаи фарзанди худро фикр намекунанд, барои таҳсили на танҳо духтарон, балки писарон низ монеъ мешаванд, ки хилофи қонун мебошад.
Бояд зикр кард, ки шумораи бекоркунии ақди никоҳ дар судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе нисбат ба солҳои гузашта зиёд шудааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ, агар дар шаш моҳи аввали соли 2014- ум 733 адад парванда ворид гардида, аз ин шумора нисбати 557 адад парванда бо қонеъ намудани даъво ҳалнома қабул карда шуда бошад, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2015 шумораи чунин парвандаҳо ба 705 адад расидааст, ки қисми зиёди онҳоро оилаҳои навбунёд ташкил медиҳанд.
Ин мисолҳо шаҳодат медиҳанд, ки баъзан ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ бешуурона ворид мешаванд ва аз надонистани муҳити он ба иштибоҳ роҳ медиҳанду зиндагӣ барояшон душвору мураккаб мегардад.
29 майи соли 2003 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №10 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ» (бо тағйироте, ки ба Пленум аз 19 марти соли 2009 таҳти №3 ва 23 ноябри соли 2012 таҳти №17 ворид карда шудаанд) қабул шуда, мавриди истифодаи судҳо қарор дорад. Судҳо зимни баррасии парвандаҳо ба оилаҳои ҷавон муҳлат медиҳанд, ки бомулоҳиза буда, хулосаи сарсарӣ набароранд. Вақте ки падару модар дар оила ба фарзандони худ таълиму тарбияи дуруст медиҳанд ва дар рӯҳияи поктинатию ватанпарастӣ тарбия менамоянд, насли тарбиянамудаи онҳо оянда барои солимии ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор мегардад. Яке аз ҳадафҳои эълон намудани соли оила низ ҳамин аст.
Саида ГИЁЕВА, котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Душанбе