Соҳибкорон ва тоҷирони шаҳри Ҳисор якчанд сардхонаи замонавӣ бунёд намуданд, ки дар онҳо наздик ба панҷ ҳазор тонна меваю сабзавоти тару тоза нигоҳдорӣ мешавад. Чунин тадбир шароит фароҳам меорад, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзон, аз қабили меваю сабзавот аз нобудшавӣ эмин бошад ва бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи бозор ба фурӯш бароварда шавад.
Сардхонаи ҶДММ «Ситаб Агро», воқеъ дар деҳоти «Дурбат», яке аз калонтарин ба ҳисоб рафта, дорои яхдонҳои ҳаҷман калон барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Ғунҷоиши сардхона қариб се ҳазор тонна аст ва он бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»