Садамаи «Чернобил» ва маъюбони якумрӣ

№59 (4479) 17.05.2022

Рӯз то рӯз саломатии Файзалӣ бад мешуд. Иштиҳо надошт. Қуввату мадораш суст гардида, ранги рӯяш заъфаронӣ гашт. Пеши чашмонаш зуд-зуд сиёҳӣ пайдо шуда, баъзан чизеро намедид. Ҳангоми аз ҷояш хестан мувозинатро гум карда, ба ҳар тараф мекалавид. Рӯзҳои охир тамоман бемадор гашт. Баъд аз якчанд рӯзи дар ин ҳол буданаш шабона дар ҷои хобаш дароз кашида, бо дамидани субҳ дигар аз ҷой бархеста натавонист. Дасту пойҳояш аз ҳаракат монда, тани дардмандашро карахтӣ пахш карду якбора бистарӣ шуд.

Ин иқтибос аз ягон романи сентименталӣ набуда, балки ҳолати воқеии лаҳзаҳои зиндагии шахсест, ки барои бартараф намудани пайомади садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил» сафарбар шудааст.

Ин тасвири ҳолати рӯҳию ҷонии истиқоматкунандаи деҳаи Кампирқалъаи деҳоти «Чортеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ Файзалӣ Саидов ва ба ӯ монанд касонест, ки нурҳои маргбори радио­активиро ба ҷисму ҷонашон қабул намуданд, то тану ҷони дигарон дар амон бошад.

Номбурда 24 октябри соли 1986 бо даъвати Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд. Аввал ӯро тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Горловкаи Украина бурданд. Дар он ҷо шаш моҳ омӯзиши тайёрии ҳарбиро гузашт.

 - Моҳи майи соли 1987 мо-сарбозонро ба блоки чоруми НБА «Чернобил» сафарбар карданд ва шаш моҳ онро зери назорат қарор додем. Сипас, ротаи моро 30 километр берун аз минтақаи НБА «Чернобил» барои нигоҳбонии манзилҳои заҳролудшудаи деҳаҳои атрофи неругоҳ бурданд ва намегузоштем, ки мардум бозпас ба хонаҳояшон баргарданд. Бартарафсозии оқибати садамаи НБА «Чернобил» идома дошт, — гуфт Файзалӣ Саидов.

- Моҳи декабри соли 1988 баъд аз адои хизмат бо гирифтани 760 мил радиатсияи рентгенӣ, бо тани дардманд ба хона баргаштам. Ба ин нигоҳ накарда, ба корҳои гуногун машғул шуда, зиндагиро пеш мебурдам. Баъд аз оиладоршавӣ соҳиби се фарзанд шудам, ки ҳар сеи онҳо ба бемории асаб гирифторанд, ҳуҷҷати дахлдор доранд, вале аз имтиёзҳо бархӯрдор нестанд Бинобар сӯзиши дасту пойҳо ва сару баданам борҳо табобат гирифта бошам ҳам, вале беҳбудиро ҳис накардам. Субҳи 18 августи соли 2018 дигар аз ҷой хеста натавонистам, зеро вуҷудам карахт шуда, дасту пойҳоям аз кор монд. Якчанд рӯз табибони ҷои зист аз ҳолам хабар мегирифтанд, вале ягон беҳбудӣ дида намешуд. Маро ба беморхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии — Шифобахш» оварданд. ҳангоми табобат дорувориро аз ҳисоби худам харидам. Даҳ рӯз табобат гирифтам, вале ҳолатам тағйир наёфт ва ба хона баргаштам. То ҳол азоби бемориро мекашам, — афзуд Файзалӣ Саидов.

Дар баробари қаҳрамони мо 6000 фарзандони Тоҷикистон дар бартараф намудани оқибатҳои садамаи НБА «Чернобил» иштирок карданд.

Ҳоло дар қайди Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 1770 нафар қарор дошта, аз байни онҳо 1470 нафарашон маъюби гурӯҳҳои I, II, III мебошанд. Ҳамчунин, 3240 нафар кӯдак дар табобати диспансерӣ бо дарди ирсӣ қарор дошта, 259 оилаи бесаробонмондаи чернобилчиён ба қайд гирифта шудааст.

Баҳри беҳбудии аҳволи ин ҳамватанони осебдида бояд чора ҷӯем, зеро бартарафсозандагони он садамаи мудҳиши аср маъюби якумрианд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»