Ин нуктаро устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом зимни баргузории конфронси илмию адабӣ, ки таҳти унвони «Рӯзнома — равшангари халқ» дар бинои ин боргоҳи маърифат бо ҳузури хабарнигорони рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд баргузор гардид, иброз доштанд.
Садорати ин муассиса баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму техника ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фарогирии қишри ҷавон ба омӯзиши илмҳои дақиқу васоити фаннии муосир, ки ояндаи дурахшони кишвар ба сатҳу сифати мутахассисони ҷавон иртибот дорад, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар ин замина пайваста «Рӯзи дарҳои кушод»-ро доир мекунанд.
Дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури доираи васеи муҳассилини Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом баргузор гардид, муовини сарвари коллеҷ оид ба корҳои тарбиявӣ Розияхон Ниёзматова, мудири китобхонаи коллеҷ Дилрабо Маҳмудова, декани факултети менеҷмент, муҳосибот ва иттилооти кор Хуршеда Ёдгорова, донишҷӯён Умедҷон Рустамов, Ҳисомиддин Ғиёсиддинов, Азиза Усмонова ва Фараҳноз Болтуева оид ба таърихи рӯзномаи «Садои мардум», нашри нахустшумораи рӯзнома, мазмун ва муҳтавои матолиби рӯзнома ва инъикоси дастоварду пешрафтҳои кишвари азизамон Тоҷикистон ва нуфузи рӯзафзуни он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин, бархе аз мақолаҳое, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расидаанд, аз ҷониби иштирокдорони ин конфронс шарҳу тавзеҳ дода шуд. Зимнан муҳассилин иброз намуданд, ки мехоҳанд дар саҳифаҳои рӯзномаи дӯстдоштаашон оид ба фаъолияти коллеҷу омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон ва ҳаёти ҳамсолонашон аз дигар манотиқи кишвар мақолаҳо бештарро дарёфту мутолиа намоянд.
Дар ҷараёни конфронс донишҷӯёни Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом ба намояндагони рӯзномаи «Садои мардум» Ҳусейни Назрулло ва Абдувосит Салимзода роҷеъ ба таърихи рӯзнома, инъикоси фаъолияти муассиси рӯзнома — Маҷлиси Олии кишвар, саҳифаҳои махсуси рӯзнома суолу ҷавоб намуданд. Нависанда ва рӯзноманигор Ҳусейни Назрулло зимни суханронӣ дар ҳузури устодону донишҷӯёни коллеҷи роҷеъ ба таърихи таъсиси рӯзномаи «Садои мардум», нахустмуҳаррири он, нақши матбуот дар инъикоси ҳаёти рӯзмарраи мардум ва ҳамкории хонандагон бо нашрияи дӯстдоштаашон суханронӣ кард.
Дар идомаи ҳамоиш донишҷӯёни фаъоли муассисаи мазкур Мавзуна Абдусаидова, Наргиза Набиева, Осимҷон Улмасов, Муаттара Мақсудзода, Холисахон Сулаймонова ва чанд нафари дигар дар васфи Ватан ва дӯстдории забону фарҳанги аҷдодӣ ва табиати нотакрори Тоҷикистон шеърҳо хонданд.
Сарвари коллеҷ, номзади илми иқтисод Музаффар Ҳомидов зимни суханронӣ бо таъкиди нақши матбуот дар масири таърих, ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон ҷойгоҳи рӯзномаи «Садои мардум»-ро бо нашри фаврии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, мақолаҳои ҷолибу хонданӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, тақвияти ҳисси ифтихори ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ миёни қишри ҷавони кишвар ва тарбияи инсони комил ва насли ояндасоз, хоса таъкид кард.
- Рӯзномаи «Садои мардум»- садои дили мардуми тоҷик аст ва аҳли Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом дар симои ин рӯзномаи дӯстдоштанӣ садои розу ниёз ва қалби худро дарёфтаанд ва мо ин минбари бонуфуз, роҳнамо ва равшангари роҳи фардои миллатро пайваста мутолиа намуда, матолиби ҷолибу тарбиявии онро бо шогирдону устодон мавриди таҳлил қарор медиҳем, — иброз дошт Музаффар Ҳомидов.
Ин ҳамоиш ба «Рӯзи дарҳои кушод» ва ҳафтаи ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ дар Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳоров мусодиф омад. Саҳни ин боргоҳи маърифат идгоҳро мемонд, ки дар он рӯз хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, довталабони касбомӯз, шахсони бекор, волидайн, омӯзгорон ва ҳар нафаре, ки хоҳони илму касбомӯзӣ буд, ба ин муассиса омада, бо сатҳу сифати таълим ва дастовардҳои донишҷӯёну устодони он шинос шуданд. Намоиши маҳорат ва малакаву дониши хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи шаҳри Конибодом, ки се сол инҷониб ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Қоидаи ҳаракат дар роҳ» мегарданд, бисёр хотирмон буд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»