Сафар ба Кӯли калон ва чанд мулоҳиза дар бораи рушди сайёҳӣ

№125 (4231) 08.10.2020

kuli_kalon_ozeroХурӯҷи бемории коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон, хоса соҳаи сайёҳӣ аз сабаби баста шудани сарҳадот зиёни ҷиддӣ расонд. Ҳарчанд Ҳукумати кишвар ширкатҳои сайёҳиро аз пардохти молиёт дар давраи муайян озод намуд, вале он ҳам зиёни пурраи онҳоро ҷуброн намекунад. Бо вуҷуди ин, ширкатҳои сайёҳӣ аз бозгашти рӯзҳои нек умед накандаанд. Ба ин зимни машварати омӯзишие, ки  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент дар пойгоҳи сайёҳӣ — куҳнавардии «Артуч»,  ҷиҳати рушди сайёҳии экологӣ ташкил намуданд, иштирок карда, эътимод ҳосил намудам.

«Артуч», ки дар пояи баландтарин қуллаи водии Зарафшон Чимтарға ва Кӯли калон ҷойгир аст, ҳанӯз дар солҳои шӯравӣ байни сайёҳон обрӯи зиёд дошт ва ҳоло низ бо коҳиши шиддати  бемории коронавирус мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ қарор гирифтааст. Он метавонад дар як баст то 300 нафарро пазироӣ намуда, ба хоҳишмандон хидмати шоиста расонад. Чунки шумораи ширкатҳои хурду бузург танҳо дар Панҷакент — чун яке аз марказҳои сайёҳии кишвар ба 21 адад расидааст.

Дар машварат, ки бо иштироки Ҳабибулло Амирбекзода, муовини  раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъули шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент,  Раёсати ҳифзи муҳити зист, Хоҷагии ҷангали вилоят ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, мавзӯи сайёҳии экологӣ чун омили рушди устувори иқтисоди кишвар ва рӯзгори сокинони манотиқи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сайёҳии экологӣ дар мамлакат, аз ҷумла, водии Зарафшон дурнамои нек дошта, он бояд ба манфиати иқтисоди кишвар ва минтақаҳо босамар истифода шавад. Кӯлҳои Калону Ҳафткӯл, Искандаркӯл, Кӯли Аловуддин, қуллаи Чимтарға ва боз садҳо ҷойи дидании кӯҳҳои Фон мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ қарор гирифтаанд  ва то хурӯҷи бемории коронавирус ҳар сол садҳо нафар аз тариқи ширкатҳои сайёҳӣ бо хатсайрҳои гуногун аз ин мавзеъҳо дидан менамуданд.

Ҳабибулло Амирбекзода дар машварат зикр кард, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Ҳукумати мамлакат татбиқи лоиҳаҳои гуногунро ҷиҳати беҳдошти агротуризм, омӯхтани вазъ ва  имкониятҳои сайёҳии кишвар рӯи даст гирифтааст.  Баробари ин, ҳанӯз наметавон сатҳи инфрасохтори сайёҳиро ҷавобгӯи меъёрҳои дар ҷаҳон пазируфта донист. Дар мисоли водии Зарафшон, пойгоҳи сайёҳӣ-куҳнавардии «Артуч», пойгоҳҳои сайёҳии «Ҳафткӯл» ва «Искандаркӯл» барои пазироии сайёҳон шароити созгор фароҳам шудааст, вале барои бароварда кардани эҳтиёҷи соҳа боз даҳҳо пойгоҳи муҷаҳҳаз бунёд намудан лозим меояд, то фоида ба иқтисоди кишвар бамаротиб афзояд.

 Масъалаи дигаре, ки сухан рафт, роҳандозии тарғиби густурдаи имкониятҳои сайёҳии минтақаҳо ва дар маҷмӯъ кишвар, аз тариқи воситаҳои электронӣ, чопӣ ва дигар роҳҳо аст.  Масалан, пойгоҳи сайёҳӣ- куҳнавардии «Артуч» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар шарикон  хатсайрҳоеро тарҳрезӣ намудааст, ки  боздиду истироҳати сайёҳонро бо харҷи аз 400 то 800 сомонӣ тайи ду се рӯз дар  Искандаркӯл, Кӯли Аловуддин,   Кӯли Калон ва аз тариқи нақлиёти алоҳида (Ҷип-тур) бо зиёрати мақбараи Одамушшуаро устод Рӯдакӣ, шаҳраки бостонии Саразм ва дигар ёдгориҳои Панҷакенти бостонӣ пешбинӣ менамояд. Ҳарчанд дар бораи онҳо варақаҳои зебо омода шудаву барои бисёрӣ дастрасанд, ҳанӯз сайёҳони ватанӣ ба онҳо кам таваҷҷуҳ доранд. Ин дар ҳолест, ки масалан зиёрати оромгоҳи устод Рӯдакӣ ва шаҳраки бостонии Саразм, ки имсол 5500 — солагиашро таҷлил намудем, барои ҳар нафари худшинос зарур аст. Мутаассифона, ҳанӯз аксари мардум ба боздиди ин маконҳои таърихӣ, Ҳулбуку Аҷинатеппа, Осорхонаи миллӣ, Қалъаи шаҳри Хуҷанд, манзараҳои нотакрори Бадахшон, Мӯъминободу Балҷувон ва ғайраҳо шарафёб нашудаанд. Хуб аст, ки Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Синамо» дар бораи гӯшаҳои зебою дидании кишвар барномаҳои ҷолиб пахш менамоянд. Ин ҳам як воситаи тарғиб барои боздид аст.

Соли гузашта як гурӯҳ дӯстон ҷашни Наврӯзро дар шаҳри орзую ормонҳо-Бухоро таҷлил намуда, дар меҳмонхонаи шахсӣ ҷой гирифтем. Соҳибхона буклету лавҳаи зиёдеро дар бораи мавзеъҳои дидании Бухоро ва атрофи он пешкаш намуд ва таъкид дошт, ки ҳатман бояд хатсайри Ҳафт пирро интихоб намоем. Он зиёрати оромгоҳи ҳафт нафар шайхи номвари тариқати нақшбандияро дар навоҳии атрофи шаҳр фаро мегирад. Дар оромгоҳи шайх Абулқодири Гелонӣ  садҳо нафар ба зиёрат омада буданд. Маҳз бо маблағи зоирин он ҷоро ободу зебо намудаанд. Ин таҷрибаро низ метавон истифода кард. Масалан, дар Панҷакент хатсайреро тарҳрезӣ кардан мумкин аст, ки боздид аз мадрасаи Олим Додхоҳ, ки бо санъати меъмории дар Осиёи Миёна нодир бунёд шудааст, мақбараи  муфассири машҳури «Қуръон» Хоҷа Муҳаммади Башоро дар деҳаи Мазор ва мақбараи аз рӯи ривоятҳо яке аз саҳобагони Паёмбар  Абӯдардоро дар деҳаи Заврон фаро мегирад. Чунин хатсайрҳоро дар ҳар минтақаи мамлакат ташкил карда, бо тарғиби густарда ҳазорон нафар ихлосмандони онҳоро ҷалб намудан мумкин аст.

Корманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Сангин Қурбонов аз дарахти туте дар шаҳри Хуҷанд ёд шуд, ки бо номи Тути калон машҳур аст ва беш аз 1500 сол дорад. Он дар қатори даҳ дарахти калон ва дарозумри сайёра ворид шудааст. Шояд дар дигар мавзеъҳои мамлакат низ чунин ёдгориҳои табиӣ ҳастанд. Мутаассифона, онҳо  чун объекти сайёҳӣ истифода намешаванд ва дар бораи онҳо дар нигоштаҳои ташвиқотии ширкатҳои сайёҳӣ низ маълумоте пайдо намекунед. Чунин мавзеъҳои аҷиб, ки атрофи онҳо ривояту қиссаҳои барои хориҷиён мароқовар зиёданд, низ кам тарғиб мешаванд.

Ин ҷо мехоҳам аз суҳбат бо  сокини шаҳри Истаравшан  Баҳодур Юлдошев, ки бо харҷи андак ҳама минтақаи Тоҷикистон ва Осиёи Миёнаро боздид намудааст, ёд оварам. Ӯро дар чойхонаи мунаққаши Ширкати сайёҳии «Панҷакент – интур», ки бо ташаббуси яке аз собиқадорони соҳаи сайёҳии мамлакат, зиндаёд Муҳаммад­расул  Шарифбадалов бунёд шудааст, вохӯрдам. Аҷиб он буд, ки ӯ беш аз даҳ соле, ки саё­ҳат мекунад, аз  шаҳри калони Истаравшан ягон ҳамсафар  пайдо накардааст.

Соли гузашта Телевизиони «Дунё бӯйлаб»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаеро аз сафари хабарнигораш ба «Ҳафткӯл» ва қаиқрониаш дар он кӯлҳо барнома намоиш дод. Муаллиф дар оғоз аз сарсониҳояш барои дарёфти харитаи мавзеъ дар Панҷекат бо риояти одоб  нақл кард.  Воқеан, барои сайёҳон ҳанӯз дастовезҳои зебо аз хушкмеваҳои шаҳдбор, китобҳои ҷайбӣ аз осори бузургони ­адабиёт ба забонҳои гуногун, намунаи ҳунарҳои мардумӣ, албому роҳнамоҳои мунаққаш кам пешниҳод мекунем.  Зоирони оромгоҳи устод Рӯдакӣ дар Панҷрӯд  ҳеҷ туҳфае дарёфт намекунанд. Аз Саразму Панҷакенти қадим низ.  Омода намудани армуғонҳо барои сайёҳони дохилию хориҷӣ низ як манбаи даромад барои ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандон аст.

 Ҳоло ки бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама минтақаи мамлакат роҳҳои обод бунёд шудаанд, аз ин имконият  барои рушди сайёҳии дохилӣ истифода бояд кард. Ошноии бештар аз таърих, ёдгориҳои таърихию табиии минтақаҳои кишвар дар таҳкими ваҳдати воқеии миллӣ мусоидат хоҳанд кард.  Камҳавсалагии мардум ба саё­ҳати дохили кишвар то ҷоест, ки байни фотеҳони қуллаҳои машҳури мамлакат номи ҳаммиллатонро қариб намебинем. Ягон сокини деҳаи Артуч, ки дар пояи қуллаи Чимтарға воқеъ аст, ба он набаромадааст ва ё сокинони Бадахшон ба рӯйхати фотеҳони Қуллаи Сомонӣ ворид нашудаанд. Аз мост, ки бар мост!

Соли гузашта роҳбалади гурӯҳи сайёҳони олмонӣ аксҳоеро ба ман нишон дод, ки аз мавзеъҳои сайёҳии кӯҳҳои Фон гирифта буд. Партовҳоеро дидам, ки баъди убури сайёҳон масъулони ширкатҳои сайёҳӣ дар мавзеъҳои пазироӣ ва истироҳати хатсайрҳои сайёҳӣ, соҳили рӯду чашмаҳо, сабзазор, бехи дарахтон  афкандаанд.  Дар ин бора низ дар машварат саволу ҷавоб шуд.  Дар бисёр маврид сайё­ҳони дохилии камшумор низ аз худ чунин «хотира» боқӣ мегузоранд. Инро ҳашари тамизкунии соҳили Кӯли Калон, ки иштирокчиёни машварат ташкил намуданд, бори дигар собит намуд.  Ҳамин гуна муносибат ба табиат нависандаи  номвари мо Темур Зулфиқоровро водоштааст, ки  аз марги писараке, ки зарфҳои пластикиро аз дарёчаи кӯҳӣ берун меафканд, чакомаи пурсӯз ва таҳрикдиҳандаи андеша офарад.  Вобаста ба ин ба  масъулони ширкатҳои сайёҳӣ ёдрас шуд, ки онҳо баҳри тозаю озода нигоҳ доштани минтақаҳои сайёҳӣ низ масъул ҳастанд.

Шояд, меандешед: ҳоло, ки коронавирус дар сайёра ҳукмраво аст, оё мавриди баррасии мушкилоти соҳаи сайёҳӣ аст? Ман чунин назар дорам: зиндагӣ бо ин беморӣ анҷом намеёбад ва аз ин фурсати оромию камкорӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳии мамлакат бояд барои таҳкими инфрасохтори соҳа, таҳияи хатсайрҳои нави барои сайёҳон хушоянд ва ҷалби таваҷҷуҳи мардуми кишвар ба боздид аз ёдгориҳои беназири  таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, истироҳати фаъол дар минтақаҳои кӯҳӣ ва пойгоҳҳои сайё­ҳии мамлакат корҳои шоистаро анҷом диҳанд. 

Турдибой СОЛЕҲЗОДА,

рӯзноманигор