Сафедшаҳрак соҳиби мактаби замонавӣ шуд

№121 (4541) 30.09.2022

20220914_124041Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 — и Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ деҳаи Сафедшаҳраки ноҳияи Ховалинг аз ду ошёна иборат буда, соли ҷорӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг Муҳаммадназар Амирсаидов иттилоъ дод, қаблан бо сабаби нарасидани ҷои нишаст ва набудани кабинетҳои фаннӣ гузаштани дарсҳои таълимӣ барои омӯзгорон мушкил буд.

Бинои муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 320 хонанда дар як баст сохта шудааст ва дорои 17 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннӣ, синфхонаи компютерӣ, китохбона, ошхона барои 160 ҷой, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ ва толори маҷлисгоҳ барои 260 ҷои нишаст мебошад.

Директори муассисаи таълимӣ Шарифхон Ҳакимов аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин муассисаи таълимии наву замонавӣ изҳори сипос карда, афзуд, ки дар муассиса, инчунин, синф­хонаҳои дӯзандагӣ барои духтарон ва синфхонаи технологияи таълими меҳнат барои писарону духтарон фаъолият мекунад, ки бо шароити замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

20220914_124850Синфхонаҳо ва утоқҳои омӯзгорон бо мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар лавозимоту таҷҳизоти хониш таъмин шуданд. Бо мақсади рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин дар деҳаи Буғдояки ноҳияи Ховалинг филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 барои 120 хонанда ва 42 синф­хонаи иловагӣ бо ҳуҷраҳои фаннӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва шуъбаи маорифи ноҳия дар назди 38 муассисаи таълимӣ маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 628 нафар фаъолият мекунанд.

 - Ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 50 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 12 ҳазору 276 нафар хонанда амал мекунанд, ки ба онҳо 938 нафар омӯзгори соҳибтахассус таълиму тарбия медиҳанд, — гуфт Муҳаммадназар Амирсаидов.

И. РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»