Осоишгоҳи «Оби гарм» аз ҷумлаи осоишгоҳҳои машҳури кишвари мо маҳсуб меёбад. Оби шифобахши он давои бисёр дардҳост. Солҳои охир дар шаҳраки Оби гарм боз якчанд марказҳои истироҳату табобат бунёд ёфтаанд. Бунёди осоишгоҳи «Санавбар» аз соли 2005 дар як мавзеи санглохи кӯҳӣ оғоз гардид ва симои он имрӯз ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Вақте шоҳроҳи кӯҳиро тай карда, вориди ин осоишгоҳ мегардед, шаҳраки афсонавие пеши назаратон намудор мегардад. Дохили он хеле тозаю озода буда, бо гулу сабза ва тарҳи назаррабои биноҳо оро ёфтаааст.
- Осоишгоҳи «Санавбар» мансуби ҶДММ «Тоҷиккӯҳкан» буда, дар он асосан коргарони ҶСК НБО-и «Роғун» дам мегиранд. Вақтҳои охир бошад, сафи истироҳаткунандагон аз ҳисоби дигар ташкилоту идораҳои кишвар ва шахсони алоҳида афзоиш ёфтааст. Алҳол ин ҷо дар як навбат то 85 нафар ба табобату фароғат фаро гирифта мешаванд ва тамоми сол фаъолият мекунад. Барои истироҳаткунандагон тамоми шароит муҳайё гардидааст.
- Дар осоишгоҳ 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд,- гуфт ба хабарнигорамон мудири осоишгоҳ Саидмурод Умаров.
Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»