Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987- 1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ » аз 14 марти соли 2014 № 177 роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти масъули соҳа чораҳои заруриро амалӣ созанд.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 апрели соли равон дар тамоми комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар мақомоти масъули соҳа вобаста ба фаъолияти хеш ҷараёни даъватро назорат намуда, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҷавононро аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд.
Тавре сардори зершуъбаи дуюми комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино капитан Илҳом Одилов ба мо гуфт, то имрӯз 59 нафар ихтиёран барои хизмат ба онҳо муроҷиат кардаанд. Гусели тантанавии наваскарон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино якуми апрели соли равон баргузор шуд. Наваскарон дар ҳузури падару модар ва ҷамъомадагон қавл доданд, ки ба Ватан содиқона хизмат менамоянд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Маҳмадтолиб Ҳусейнов низ зикр намуд, ки то имрӯз 46 нафар ба хизмат сафарбар шудаанд. Дар ин чорабинӣ раиси маҳаллаи «Шодиёна»- и ноҳияи Фирдавсӣ Моҳира Ахмедова гуфт, ки ҷавонон бояд ҳисси ватандӯстӣ дошта, барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд. Фарҳод Мирзоев, ки ба таври ихтиёрӣ барои хизмат ба Ватан омадааст, зикр намуд, ки хизмати Модар — Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди баору номус аст. Аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ наҳаросанд, зеро хизмат мактаби ҷасорат ва ҷавонмардист.
Масъулини комиссияи даъватии шаҳри Норак бошанд, иттилоъ додаанд, ки беш аз 50 нафар ҷавонписарон ихтиёрӣ ба комиссияи даъватӣ омадаанд.
Чунин як чорабинӣ дар хиёбони марказии ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ доир гардид. Дар ин рӯз аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ зиёда аз 600 нафар ихтиёриёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гуселонида шуданд. Дар маросими гусел масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолону ҷавонон ва волидайни наваскарон иштирок доштаанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»