Сафобахши субҳу шоми Душанбе

№75 - 76 (4495 - 4496) 18.06.2022

20220602_104810Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабз­корӣ»-ро ба унвони сафобахши субҳу шоми Душанбе, зинатбахши кӯчаю гулгашт, чаманзору хиёбонҳо, боғу майдонҳо, эҳёгари фарҳанги зебоишиносӣ мешиносанд. Алҳол сокинону сайёҳон аз тамошои гулгашт ва манзараҳои шаҳри Душанбе ба ҳайрат меоянд ва шояд анде­шанд, ки онҳо маҳсули дасти киҳо мебошанд?

Корхона таърихи дерина дорад. Он соли 1954 таъсис ёфта, бо номҳои ҳархела дар назди вазорату идораҳои гуногун фаъолият дошт. Ҳоло зертобеи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, роҳбарии онро мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Шариф Шеров ба уҳда дорад. Муассиса асосан дар чор фасли сол барои кӯчаю гулгаштҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе гулу гиёҳ парвариш мекунад. Дар он 45 нафар кор мекунанд, ки аксарашон зан мебошанд. Чун сухан дар бораи гулпарварони беҳтарин рафт, сарагрономи хоҷагӣ номи Нигина Раҳимова, Айёра Одинабекова, Майрамбӣ Пирова ва Ҳамзирамоҳ Саидалиеваро ба забон овард.

- Гулпарварӣ шуғли дилбар аст. Вақте ки субҳ аз кӯчаҳои шаҳр мегузарӣ, гулгашту чаманзорҳои рангоранг рӯҳу илҳом ва бӯи муаттари гулу буттаҳо ба кас сафо  мебахшанд. Он гоҳ бо қаноатмандӣ  шукри шуғл мекунию шукри кишвари соҳибис­тиқлол, — гуфт Нигина Раҳимова,  ки дар чеҳрааш осори хушҳолӣ падидор аст.

20220602_102452Фаъолияти корхона, тибқи нақшаи корӣ ва барномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, баҳри парвариши гулҳои ороишии мавсимӣ ва бисёрсола, дарахтони ороишӣ ва соя­афкан, инчунин  сабзкории боғҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту нишеманҳо ва назди муассисаву корхонаҳои пойтахт  равона карда шудааст.

Масоҳати муассиса 16 гектарро дар бар гирифта, иборат аз 13 гармхона мебошад, ки ба се қитъа ҷудо шудаанд. Қитъаи як  барои сабзонидани  навъҳои гуногуни тухми гулҳо, ки аз хориҷа оварда мешаванд, пешбинӣ гаштааст. Кишти тухми гулҳо бошад, аз тарафи мутахассисон тавсия дода мешавад. Қитъаи дуюм барои кӯчаткунӣ, ки дар он гулҳои нешзада дар тубакҳо ҷо ба ҷо карда мешаванд ва дар қитъаи сеюм гулҳои шаклгирифта, ки барои фурӯш тайёранд, қитъабандӣ шудаанд. Фосилаи парвариши гулҳо дар се қитъа се моҳро ташкил медиҳад. Назорати доимӣ аз тарафи мутахассисон оид ба иҷрои корҳои сабзкорӣ дар озмоишгоҳҳои корхона ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст.

20220602_10205Дар асоси лоиҳаи тасдиқгардидаи корхона ҷиҳати ташкили маъракаи ободонӣ ва озода нигоҳ доштани атрофи корхона рӯзҳои ҳашари умумӣ ташкил карда, кормандон бо ҳисси масъулият дар рӯзҳои ғайрикорӣ гирду атроф ва бехи дарахтонро нарм месозанд. Аз сабаби он ки корхона бо шакли нави хоҷагидорӣ -  худмаблағгузорӣ  фаъолият мекунад, аз ҳар як гулпарвар масъулияти хосаро талаб мекунад. Даромаднокии корхона аз меҳнати пурмаҳсули коргарон вобаста аст. Дар ин асос барои иҷрои корҳо бо шартномаи меҳнатӣ ба мақсади сабзкорӣ  ва кабудизоркунии  қӯчаву хиёбонҳо барномаи кории нав тарҳрезӣ гардид.

Истеҳсол ва  кишти тухми гулҳои мавсимӣ соли 2021 зиёда аз 7 миллиону 200 ҳазор донаро ташкил дода,  аз ин шумора 4 миллиону 500 ҳазор бех ба Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва  зиёда аз 590 ҳазор дона гули тубакӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо дастрас шуд. Айни замон дар гармхонаҳои корхона 3 миллиону 730 ҳазор дона гули мавсимӣ, аз ҷумла 4 намуд виола, 2 намуд петуния, 3 намуд салвия, 2 намуд бананза, 2 намуд тагетес парвариш мегарданд. Аз ин миқдор зиёда аз 2 миллиону 600 ҳазор дона гули баҳорӣ ба тубакҳои полиэтиленӣ гузаронида шуда, як миллиону 30 ҳазор дона гул ба кӯчат намудан ва гузаронидан ба тубакҳои полиэтиленӣ дар корхона тайёр мебошанд. Инчунин, марҳила ба марҳила 8 намуди тухми гулҳо ба теъдоди зиёда аз 7 миллион дона барои таъмин намудани шаҳр ба гулҳои мавсимӣ омода мешаванд. Имсол, тибқи супоришҳои протоколии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе   ниҳолҳои дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкани нодир: сосна  5 ҳазор дона, дуб – 500, каштан – 1500 ва мажавелник 300 дона дар қитъаҳои корхона шинонда шуд. Ҳамчунин, дар қитъаҳои корхона  28559 дарахту буттаҳои дигар — 12287 бех дарахти ҳамешасабз, 8447 — дарахти сояафкан ва 7245 бех бутта ва 260 ҳазор гулҳои бисёрсола павариш меёбанд. Дар солҳои 2020 — 2021 ҷамъоварии тухми дарахтони нодир, аз ҷумла булут ва шоҳбулут, ба миқдори зиёда аз 3 ҳазор кишт шуд  ва парвариши онҳо, тибқи қоидаҳои агротехникӣ – хусусияти биологӣ, экологӣ, шиддати инкишоф, ба роҳ монда шудааст.

Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ моҳи ноябри соли 2019  дар муассиса гармхонаи замонавӣ бунёд гардид. Он 2000 метри мураббаъро дар бар гирифта, бо шароити хуби гармидиҳӣ, обпошӣ ва ҳавотозакунӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ин даст медиҳад, ки коргарон дар ҳама фасли сол имкони парвариши гулҳои мавсимиро пайдо кунанд. Инчунин,  4 гармхонаи калон дар масоҳати 5040 метри мураббаъ ва 13 гармхонаи хурд дар масоҳати 2340  метри мураббаъ таъмири асосӣ шуд.

- Корхона солҳо бо сабабҳои гуногун аз барқу андоз ва дигар хизмат­расониҳо қарздор буд. — Бо саъю кӯшиши зиёд кор ба таври дигар ба роҳ монда шуд. Мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳа ба кор ҷалб гардиданд. Соли ҷорӣ кори зиёдро ба анҷом расонидем, ки назаррасанд. Барои боз ҳам васеътар ба роҳ мондани парвариши гулу буттаҳо, ки ба иқтидори молиявии корхона бетаъсир нестанд, дар масоҳати 20800 метри мураббаъ заминҳои нокорам аз сангу сафолҳо тоза ва барои парвариши гулҳои мавсимии ороишӣ ва дарахту буттаҳо омода гардиданд, — гуфт директори Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ» Шариф Шеров ва афзуд:  — Чор гармхона бо сис­темаҳои гармидиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои парвариши гулҳо дар фасли зимистон бо захираи нуриҳои органикию  минералӣ, торф, поруҳои ҳархела таъмин шудаанд.

Рӯпӯш кардани 6 гармхонаи калон ва 11 гармхонаи хурд бо плёнкаҳои полиэтилении гармидиҳангда дар фасли зимистон ва бо тӯрҳои сояафкан барои аз гармии зиёд нигоҳ доштан дар фасли тобистон ба роҳ монда шуданд. Ин ба он хотир, ки корхона худкифо гардида, дар таъмини зинатбахшии шаҳр саҳмгузор бошад. Маҳсули меҳнати мо барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.  Хуб мешуд, ки барои хубтар ба роҳ мондан ва пурмаҳсул кардани кори соҳаи гулпарварӣ дар кишвар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо фарогирии мутахассисони соҳибтаҷриба ба роҳ монда шаванд. Завқи мардумро ба гулпарварӣ бояд бедор кард , то ба он рағбати тоза пайдо кунанд.  Фаъолияти занҳо дар чунин  муассисаҳои гулпарварӣ мувофиқи матлаб аст. Дар гузашта мардум фарҳанги хуби гулпарварӣ доштанд. Ҳоло мебинем, гулгашту нишеманҳо, канори кӯчаю роҳравҳо интизори шинондани гулу гиёҳҳои ороишианд. Вақте гулу гулгаштҳои тайёрро мебинем, бехабар аз заҳмати он, рӯҳи тоза мегирем. Он харҷ ва меҳнати зиёди дастиро талаб мекунад.

20220602_103408Аҳли Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ» — и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки парвариши гулҳои мавсимии ороиширо бо талаботи агротехникӣ ва сифати баланд парвариш намуда, корҳоро дар ин соҳа беҳтар намоянд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»