Шахсияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, хидматҳои таърихиашон дар таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар, ислоҳоти конститутсионӣ ва эъмори ҳокимияти давлатӣ, барномарезиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳаввулоти маънавӣ, фарҳангӣ ва маърифатии Тоҷикистони навин, пешбурди сиёсати дарҳои кушода дар муносибат ба кишварҳои ҷаҳони муосир ва ғайраҳо эҳтиёҷ ба тафсир надоранд.
Ҳама дар хотир доранд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳама соҳа буҳрони шадид фаро гирифта буд. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв ва аз харитаи ҷаҳон нест шудан ба миён омад. Албатта, барои миллати сохти тафаккураш мураккаб, ки соҳиби фарҳанги воло аст, бояд маълум мебуд, ки ин ҷанг чӣ маънӣ ва чӣ оқибат дорад?!
Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои сарнавиштсози таърихи фоҷиабор сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллатро аз манфиатҳои қавму маҳалу минтақа болотар донад. Фаъолияти бештар аз бистсолаи Роҳбари кишвар дар зеҳни бештари инсонҳо ҳамин гуна бовариро ҷой кард. Яъне, боварии мардумро сазовор гардид. Сарвари давлат сулҳро дар кишвар пойдор кард. Маҳз бо шарофати ӯ тамоми соҳа ба пешравӣ ноил гардид. Мардуме, ки як замон гурусна буду якдигарро ба қатл мерасонид, соҳиби нон гардид.
Вале ин пешравию музаффариятҳо на ба ҳама писанд аст. Аз ҷумла, барои як қисми онҳое, ки солҳо дур аз Тоҷикистон қарор доранд, сулҳу субот ва оромии кишвар мисли устухон дар гулӯ аст. Сайидюнуси Истаравшанӣ аз зумраи чунин инсонҳои носипос мебошад. Номбурда, ки аз аввал зидди сулҳу субот ва оромии кишвар буд, то ҳол мавқеи худро иваз накардааст. Дар навиштаҳояш аз Ҳукумат ва Президенти кишвар интиқод мекунад. Чашмаш пешравиҳои кишварро намебинад, танҳо ягона коре, ки метавонад анҷом диҳад, зери танқид қарор додани ин ё он шохаи ҳокимият ё роҳбарияти кишвар мебошад.
Навиштани чунин матлаб худ нишонаи дунҳиммат будани Истаравшаниро нишон медиҳад, зеро фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама ошност ва маҳбубияти ӯ низ. Баромадани пиру ҷавон ба пешвозаш дар минтақаҳои ҷумҳурӣ — Суғду Хатлон, Рашту Бадахшон ва суҳбатҳои самимияш бо сокинон аз буҳтон будани суханони ӯ шаҳодат медиҳад.
Дар дилхоҳ ҷомеа инсон дар натиҷаи фаъолият метавонад миёни мардум нуфуз пайдо кунад. Агар амали нек кард, пас ба некӣ аз ӯ ва кирдораш ёд мекунанд ва агар амали бад кард, бо бадӣ ёд мекунанд. Агар инсон коре накарда бошад, пас чӣ гуна метавон аз ӯ чеҳра сохт? Бояд донист ва огоҳ буд, ки танҳо дар натиҷаи саъю меҳнати содиқона метавон миёни мардум маҳбуб гардид, на бо сухан. Агар инсон некие накарда бошад, пас чӣ гуна воситаҳои ахбори омма ӯро маҳбуб мегардонанд? Ҳақиқати бе баҳс аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро на воситаҳои ахбори омма, балки некукориҳояш миёни мардум машҳуру маҳбуб гардонидааст. Ин воқеиятро душманони сулҳу субот ва оромии кишвар на таҳаммул карда метавонанду на дарк.
Исмоил Ҳамзаев