Ё порае аз рӯзгори соҳибкори муваффақи тоҷик Фирдавс Наимов, ки дар Федератсияи Россия мададгори ҳамватанон аст
Зимни сафари хидматие, ки чанде пеш ба Федератсияи Россия доштем, бархе аз муҳоҷирони меҳнатии кишвар номи соҳибкори муваффақи тоҷик Фирдавс Наимовро бо некӣ ба забон оварда, ӯро ҳамчун шахсияти бонангу номус, дорои донишу малакаи баланд ва хушахлоқу таҳаммулгаро муаррифӣ карданд. Инчунин, иброз доштанд, ки вай ҷавонмарди ватандӯст буда, ҳамеша дар ҳама гуна ҳолат дастгиру пуштибони ҳамватанон аст ва ғурури баланди миллӣ дорад.
Ӯ директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Русмостранс» мебошад ва соли 2018 барои роҳбарии касбӣ ва самаранокии фаъолияти муассисааш, ки «Лидери соҳа» муаррифӣ гардид, бо сертификати миллии «Соҳибкори соли 2018»-и Федератсияи Россия сарфароз гардонида шудааст.
ҶДММ «Русмостранс» ширкати логистикӣ буда, 15 сол боз дар бахши боркашонӣ пурмаҳсул фаъолият мекунад. Танҳо соли 2018 он дар Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 30 ҳазор тонна бори 1200 нафар мизоҷро ба ҷои муайяншуда интиқол додааст. Борҳо тавассути роҳи оҳан, автомобил ва ҳавопаймо ба соҳибонашон сари вақт ва бенуқсон расонида мешаванд. Мутобиқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бошад, ҶДММ «Русмостранс» аз рӯи рейтинги соҳавӣ соли гузашта дар Федератсияи Россия ҷои ҳаштумро ишғол намудааст.
Сардори истгоҳи «Любертси — 1» — и Дирексияи марказии ҶСК «Роҳҳои оҳани Федератсияи Россия» Игор Кузмин дар хусуси фаъолияти ширкате, ки Фирдавс Наимов сарвариашро ба уҳда дорад, ба тариқи зайл ибрози андеша намуд:
- ҶДММ «Русмостранс» аз соли 2011 тавассути истгоҳи роҳи оҳани «Любертси — 1» бори гуногунро содирот ва ворид карда, ҳамчун шарики боэътимод фаъолиятро ба роҳ мондааст. Борҳо дар вақташ ва бо сифати хуб интиқол дода мешаванд. Тайи ҳашт соли ҳамкорӣ ягон маротиба аз фаъолияти «Русмостранс» мизоҷон эътироз ё шикоят накардаанд. Асрори муваффақияти ширкат касбияти баланду муомилаи хуби сарвари он Фирдавс Наимов мебошад, ки коллективи аҳлу тифоқро ташкил намудааст.
Файзиддини Хатлонӣ ном ҷавон бо меҳру самимияти беандоза иброз дошт, ки Фирдавс Наимов дар эҳсонкорӣ низ намунаи ибрати дигарон аст.
- Ман борҳо дидаам ӯ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бинобар сабаби ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ набудани ҳуҷҷатҳояшон дар боздоштгоҳҳои шаҳру вилояти Москва нигоҳдорӣ мешаванд, хӯроки гарму нону мева фиристодааст. Дар моҳи шарифи Рамазон бошад, ҳар рӯз ба ин гуна муҳтоҷон кумак мерасонад. Бинобар ин, боиси ифтихор аст, ки бисёре аз ҳамватанон ба мисли Фирдавс тавассути донишу малакаи баланд ва ҳалолкорӣ дар кишвари бузурги Россия ба комёбӣ ноил гаштаанд, — гуфт Файзиддин.
Инчунин, тавре Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ибодзода Анвар Ҳабибулло зимни суҳбат бо мо иброз дошт, Фирдавс Наимов, дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Федератсияи Россия, борҳо аз ҳисоби шахсиаш кӯдакони бесаробонмондаи тоҷикро тавассути қатора ва тайёра ба Ватан фиристода, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар боздоштгоҳҳои махсус муваққатан нигоҳ дошта мешаванд, кумак расонидааст.
Ҳангоми дар шаҳри Брянск қарор доштан мо — нигорандагони ин сатрҳо низ шоҳиди он гардидем, ки бо дастури Фирдавс Наимов намояндагони ҶДММ «Русмостранс» ба 200 нафар донишҷӯи тоҷики дар донишгоҳу донишкадаҳои ин шаҳр таҳсилкунанда ашёи хониш тақдим намуданд. Он рӯз хурсандии толибилмонро ҳадду канор набуд ва миёни ҳамсолонашон аз дигар халқияту миллатҳо ифтихор мекарданд, ки ҳамватанони дастбахайр доранд. Инчунин, вақте муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар бораи хайру эҳсонкории ин соҳибкори муваффақи тоҷик бо меҳру муҳаббати беандоза сухан мегуфтанд, беихтиёр мисраъҳои ҳикматноки Шайх Саъдии Шерозӣ ба ёд расид, ки гуфтаанд:
Саховат кунад некбахт ихтиёр,
Ки мард аз саховат шавад бахтёр.
Саховат бувад кори соҳибдилон,
Саховат бувад пешаи муқбилон.
Фирдавс Наимов 37 сол дошта, зодаи ноҳияи Фархор ва дастпарвари Донишкадаи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи шаҳри Москва мебошад. Ӯ аз овони мактабхонӣ ба варзиш шавқу рағбати беандоза дорад. Махсусан, гуштингирӣ, аспдавонию муштзанӣ (бокс) ва шикорро меписандад. То ҳол ба ин намудҳо дилбастагӣ дорад ва новобаста аз серкорӣ фурсат ёфта, ба толори варзишӣ меравад.
Фирдавс бо вуҷуди дур аз зодгоҳ будан ҳамеша бо ёди Ватан аст. Аз пешравию ободкориҳои кишвар таъбаш болида гашта, ӯро ҳисси ифтихор фаро мегирад. Зимни мулоқоти корӣ бо хориҷиён васфи манзараҳои зебою дилкаш, осоишгоҳҳо, обу ҳавои дилангез ва меваҳои лазизи кишварро мекунад.
Ӯ аз соли 2001 дар пойтахти Федератсияи Россия кору зиндагӣ дошта, соли 2009 ширкати хусусӣ таъсис медиҳад ва тайи ин муддат аз ҳисоби фаъолияти назаррасу густурда, соҳиби якчанд сертификати соҳавӣ гардидааст. Ҳамчунин, ҶДММ «Русмостранс» тӯли панҷ соли охир пайи ҳам миёни ширкатҳои интиқолдиҳандаи бор дар хатсайри Россия — Тоҷикистон ба гирифтани ҷойи якум мушарраф мегардад.
Он ҳама комёбие, ки Фирдавс дорад, ба андешаи дӯстону атрофиёнаш, аз баракати софдилию ҳалолкорӣ ва хайрхоҳию дилу нияти пок доштани ӯст. Касе ки ба дигарон мадад расонад, мадади ғайбӣ насибаш мегардад. Тавре шоир фармудааст:
Мадад деҳ, то ки Ҳақ ёри ту бошад,
Ҳама олам мададгори ту бошад.
Таманнои онро менамоем, ки сафи ҳамватанони муваффақамон дар ҳама гӯшаву канори олам ба мисли Фирдавс Наимов бештар гарданд.
Дар суратҳо: намуна аз ифтихорномаҳои Фирдавс Наимов, ки бо баракати фаъолияти назаррасу густурда ба гирифтани онҳо сазовор дониста шудааст.
Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»