Бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Давлатбек Қарчиев дар маркази шаҳри Роғун чойхонаи миллӣ, ки аз чор ошёна иборат мебошад, ба истифода дода шуд, ки дар ошёнаҳои якуму дуюми он гӯшаи мутолиаи рӯзномаю маҷалла, толорҳои варзиш, саққобозӣ ва дар ошёнаи сеюму чорум корхонаи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн ҷойгиранд.
Ҳамчунин, дар деҳоти «Мискинобод» — и ноҳияи Файзобод соҳибкори номбурда бо сарфи зиёда аз як миллион сомонӣ меҳмонхона, сехи дӯзандагӣ, нуқтаи мошиншӯйӣ ва чойхона бунёд намуд.
Дар идомаи иқдомҳои нек бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Давлатбек Қарчиев тасмим гирифтааст, ки дар деҳаи «Ҷавон» — и шаҳри Роғун низ бунгоҳи тиббӣ ва сехи дӯзандагӣ бунёд намояд.
Ҳокими САФАР,
шаҳри Роғун