Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чор хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ — «Сайри Душанбе» таъсис ёфт. Маросими ифтитоҳи расмии хатсайрҳо, ки тавассути автобусҳои дуқабата роҳандозӣ мешаванд, 24-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфиятҳои сайёҳии пойтахт ва истифодаи самараноки онҳо, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ таъсис ёфтаанд.
Фаъолияти мунтазами хатсайрҳои «Сайри Душанбе» 25-уми май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад. Барои татбиқи ин хатсайрҳо ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони «King Tour», «Somon Travel», «Diyor Travel» ва «Tour Tj» ҷалб шудаанд.
Сайри пойтахт нахуст рӯзҳои истироҳат, минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил мегардад. Сайёҳон чиптаҳоро тариқи электронӣ харид менамоянд. Тавассути хатсайр сокинону меҳмонон метавонанд бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт ошно шаванд. Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин, имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
Дар доираи чорабинӣ барои иштирокчиён сайри шомгоҳии Душанбе ташкил гардида, автобус дар самти «Кохи Наврӯз», хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, Наврӯзгоҳ, хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, меҳмонхонаи «Сафо», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, «Майдони Истиқлол», «Кохи Ваҳдат», чойхонаи «Роҳат», Боғи ба номи Абуабдулллоҳи Рӯдакӣ, Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Майдони 800-солагии Москва, бинои Маҷлиси Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Боғи Нишони давлатӣ, Китобхонаи миллӣ, Қасри миллат, Боғи Парчами давлатӣ, Осорхонаи миллӣ, «Амфитеатр», Боғи ҳайвонот, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази «Исмоилия», «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»» ва «Кохи Наврӯз» ҳаракат намуд.
Зимнан, дар доираи хатсайрҳои нави дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол гардида, ҳафтае як маротиба — рӯзҳои якшанбе амалӣ мешавад.
Ф. Абдукарим,
«Садои мардум»