- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ин масъала бевосита таҳти назорати қатъии раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ қарор дорад, — гуфт дар суҳбат мудири бахши сайёҳии ноҳия Одилҷон Ҳайдар.
Ноҳияи Рашт дар қатори дигар гӯшаю канори Ватани азизамон дорои захираҳои бой ва мавзеъҳои нодир барои рушди сайёҳӣ мебошад.
Дар ноҳия имконияти рушди сайёҳии экологӣ, агросайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, гардишгарӣ, аспсаворӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас фароҳам мебошанд.
Барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти шароиту имконияти мавҷуда, барои рушди ин соҳаи афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия се меҳмонхона ва як ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта, ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
Илова бар ин, дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 3 меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кӯли калони деҳоти «Аскалон» пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз гардидаанд.
Дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ноҳия сохтмони 20 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта, аз ин шумора то имрӯз сохтмони 15 истгоҳ ба анҷом расидааст.
Дар заминаи истгоҳҳои мазкур нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, нуқтаҳои хӯроки тезтайёр ва гӯшаҳои деҳқон пешбинӣ гардидаанд.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, як боғи ботаникӣ- фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 15 ҳомстей, 3 тарабхона, 20 ошхона, 14 нуқтаи хӯроки тезтайёр, маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ, 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳия фаъолият дорад.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ноҳия 10 хатсайри нави сайёҳӣ ба роҳ монда, тавассути сомонаҳои интернетӣ муаррифӣ мешаванд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ба ноҳия 2053 нафар сайёҳ, аз ҷумла 1890 нафар сайёҳи дохилӣ ва 163 нафар сайёҳи хориҷӣ, ворид гардиданд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»