Салом, Тошканд!

№100 (3894) 17.08.2018

Сафари бе раводид

Дар якчанд тӯю хурсандии хонаводаи мо меҳмонони асосӣ – холаҳову тағоҳоям иштирок карда натавонистанд. Агар тавонанд ҳам, як ё ду нафарашон меомаданду халос. Онҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд ва солҳои зиёд бо сабаби душвориҳои сафар, роҳи баста, мушкили дарёфти раводид имкон намеёфтанд, ки омадурафт кунанд.

Аммо, вақте ки роҳҳои баста кушода шуданду муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои таърихан дӯсту бародар – Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯ ба беҳбудӣ оварданд, шодиву хурсандии моро ҳадду канор набуд. Модарам баъди солҳои зиёд бо шодмонӣ нахустин маротиба бе раводид сӯйи зодгоҳаш – шаҳри Тошканд роҳ пеш гирифт.

 Ёди гузашта…

Соли 1974 падарам Бобоҷон Абдулвоҳидов (рӯҳашон шод бод), ки ба Тошканд, барои таҷрибаомӯзӣ фиристода шуда буданд, ба духтараки тошкандӣ Марҳабо Исроилова ошиқ мешаванд. Пас аз се соли шиносоӣ (соли 1977) онҳо оила барпо мекунанд ва модарам ба Тоҷикистон меояд.

Модарам мегӯяд: «ҳатто фикр ҳам намекардем, ки рӯзе мерасаду роҳҳо баста мешаванд ва робита бо пайвандон қатъ мегардад. Вале афсӯс, новобаста аз хоҳишу иродаи мардуми ду кишвар солҳои дароз девори ҷудоӣ миёни фарзандону волидайн ва бародарону хоҳарон қомат афрохт…».

- Шукри Худо, ҳар чӣ буд, гузашт. Имрӯз неруи дӯстиву рафоқат пирӯз шуд ва марзҳои бастаро ба арзҳои дӯстӣ табдил дод, — хурсандона меафзояд модарам.

 Ашки шодӣ

Яке аз ҳодисаҳои хотирмони ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бо иштироки бевоситаи роҳбарони ҳар ду давлат сурат гирифт, ашкҳои шодии мӯйсафедоне буд, ки солҳои дароз интизори дидори пайвандон дар пушти сарҳад буданд ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд ашкҳои худро боздоранд. Барқарор гардидани дӯстии деринаи ду кишвар ормони ҳазорон нафари пазмонро шикаст. Акнун метавонем бемамониат ба дидори наздикон зуд-зуд бирасем.

 Раҳоварди сафар

Вақте модарам аз Тошканд баргашт, давоми чанд рӯз аз шодиву хушҳолии мардуми он ҷо сухан мегуфт. Аз Душанбе тавассути Панҷакент ба Самарқанд ва аз Самарқанд ба Тошканд рафт. Аз сифати баланди роҳи Душанбе – Панҷакент, суҳбат бо ҳамсафарони тоҷикистонӣ, ки ба дидорбинии хешу табор мерафтанд, ҳарф мезад ва чашмонаш аз хурсандӣ медурахшиданд. Аз ҷумла, гуфт: мӯйсафеде, ки духтару наберагонашро солҳо боз надида будааст, беист такрор мекард: «Худованд умри сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистонро дароз кунад, дуои хайри ҳазорон мардуми чашм ба роҳро гирифтанд. Мо аз ин дурӣ хеле ба танг омада будем. Охир, Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо ҳамсояи наздик, балки ду бародаранд, ки мардумаш дар ҳам омехтаанд. Чӣ қадар ӯзбек дар Тоҷикистону чӣ қадар тоҷик дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ҳисоб карда метавонед?».

- Дар Тошканд фазои идона буд, — ҳикоя мекунад модарам. -Нишасти аҳли оила ин дафъа тамоман дигаргуна ба назар мерасид. Мо мисли солҳои пеш дигар дар сухан гуфтан саросема набудем, медонистем, ки дигар рафтуомад осону арзон аст. Дар хонаи ҳамсоя бошад, гурӯҳи дигари меҳмонони тоҷикистонӣ суҳбат ороста буданд…

 Хотима

Қобили тазаккур аст, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон бесобиқа рушд ёфта, марҳилаи навину бисёрсамтаи ҳамкориҳо рӯи кор оварда шуд.

Баргузории чорабинии сатҳи баланди «Шоми дӯстӣ» бо иштироки сарони давлатҳо дар «Кохи Борбад» — и шаҳри Душанбе то ҳол мавриди гуфтугӯйи бисёриҳост ва фаромӯшнопазир аст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»