«САЛОМАТИИ МАН — ҲУҚУҚИ МАН»

№ 15.04.2024

Дар Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Турсунзода дави миллӣ баргузор гардид.

 «Мавзуи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2024 бо шиори – «Саломатии ман — ҳуқуқи ман» эълон гардида, ки ба шиори аъзои маҳфили дӯстдорони дави шаҳри Турсунзода — «Перевал» рост меояд», — мегӯяд мураббии маҳфил Ҳайиталӣ Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳақиқат, яке аз роҳҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим ва дар ҳама ҷода фаъол мондан ба иҷрои мунтазами машқи бадан машғул шудан ва давиданро ихтиёр кардан алоқамандии зич дорад.

Дави мунтазам ба беҳтар шудани омодагии ҷисмонӣ, мустаҳкам намудани системаи дилу раг ва беҳтар шудани вазъи саломатии инсон мусоидат мекунад. Бинобар ин  юнониёни қадим беҳуда нагуфтаанд: «Агар зебо шудан хоҳед, давед, агар солим будан хоҳед, давед ва агар тавоно будан хоҳед, давед».

Бояд иброз намуд, ки аъзоёни маҳфили дӯстдорони дави шаҳри Турсунзода ба таври доимӣ дар марафону пойгаҳҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ба ишғол намудани зинаҳои ифтихорӣ сазовор мешаванд ва дар ин ҷода дӯстону ҳамфикрони нав пайдо мекунанд.

Ҳ. Мирзоев бо шогирдони худ ба мусобиқаи дави шаҳрӣ, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел бахшида  ба Рӯзи пойтахти кишвар гузаронида мешавад,  омодагии ҷиддӣ дида истода, умед бар он доранд, ки метавонанд бо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас шаъну шарафи варзишии маҳфили шуҳратёри худро ҳифз намоянд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»