Баъди қабули қонун санадҳои зерқонуние тасдиқ мегарданд, ки тартиби мавриди амал қарор додани онро муқаррар мекунанд. Чунончӣ, мутобиқи моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №532 аз 1 октябри соли 2009 «Дар бораи тасдиқи Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ» қабул шуд. Тибқи замимаи тартиби мазкур, тарз ва талаботи интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст.
Ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 таҳти №532 тағйиру иловаҳо (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014 таҳти №458) ворид карда шудааст. Дар он ба таври ҳатмӣ интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъкид гардидааст. Ҳамзамон рӯзномаҳои расмӣ низ муайян шудаанд. Дар банди сеюми тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2014 таҳти № 458 омадааст: «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ё «Садои мардум» расман интишор карда мешаванд ва аз рӯзи интишор гардидани онҳо дар яке аз рӯзномаҳо, инчунин дар маҷаллаи «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор мегиранд».
Банди панҷуми Қарори мазкур таъкид менамояд, ки асноди меъёрии ҳуқуқие, ки «…дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, вале бо тартиби муқарраргардида интишор нагардидаанд, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарорнагирифта оқибатҳои ҳуқуқӣ надоранд ва барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор, татбиқи ҷазо нисбат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ асос шуда наметавонанд» .
Тавре маълум гардид, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазорат, кумитаю дигар мақомоти давлатӣ он вақт мавриди амал қарор мегиранд ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд, ки дар рӯзномаҳои расмӣ нашр шуда бошанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»