Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мо нақши муҳим дорад. Онро бешак метавон санади сарнавиштсоз ва сулҳофари даврони соҳибистиқлолии кишвар номид.
Маҳз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба барқарор намудани ҳокимияти давлатӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат намуд. Яъне, дар ин раванд асоси ҳуқуқии пешрафти давлат ва суботи ҷомеаро молик буд.
Тӯли даврони соҳиб-истиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои осоиштаву рӯ ба тараққӣ дар олам муаррифӣ шудааст. Ин ҳама натиҷаи ҳамбастагии мардуми мо ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи он ба шумор меравад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати мавриди амал қарор доштанаш бо роҳи ҳамкорию ҳамраъйии мардуми кишвар ду маротиба таҳриру такмил ёфт, ки бар манфиати рушди минбаъдаи кишвар аст.
Ифтихор аз он дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари олам ҳамчун давлати мустақил ва соҳиби Конститутсия, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ мешиносанд.
Вазифаи шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати соҳибистиқлоламонро чун халқи бузургаш шикастнопазир ва ҳастии онро маънии ҳаёти худ гардонем.
Нигина Раззоқзода,корманди дастгоҳи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе