Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа ва давлати мо ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Дар ҷомеаи мо зарурати таърихии интихоби шакли давлатдорӣ, низоми нави мақоми ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистонро ба миён овард. Аз ин рӯ, дар давраи солҳои аввали Истиқололияти давлатӣ масъалаи кабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон амри ногузир гардид, зеро дар шароити вазъи солими ҷомеа фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ танҳо бо қабули Конститутсия имконпазир буд.
Дар робита ба ин, 12 декабри соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон чунин зикр намуда буданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав-демократӣ, ҳуқуқбунёд замина тайёр кардан лозим аст, чунки асоси ин навъи давлатро Конститутсия мегузорад».
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ оғоз гардида, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа барои имрӯз ва оянда муайян шуданд.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор мебошад. Ҳатто бо эътирофи коршиносони як қатор давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ он яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳон дониста мешавад.
Таҷлили 21-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Дар давоми солҳои қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин санади воқеан тақдирсоз муайян ва самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас намуд.
Бо боварии том метавон гуфт, ки мардуми бохиради кишвари азизамон тақдири хешро ба қонуни асосиамон пайваста, кору пайкори худро бо риояи ҳамешагии меъёрҳои одилонаву воқеъбинонаи он пеш мебарад.
Абдулҳамиди ИСКАНДАРЗОД, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе