(ҳ и к о я)
Бонувон бо меҳри модаронаашон ба тарбияи фарзандон ва уствор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо отифият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарифияти худ номи зан–модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд.
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар, 6-уми марти соли 2015
Қалб нишона аз ҳастии инсон аст. Чун метапад, молики он зиндагӣ дорад. Бо он чӣ сифатҳоро нисбат намедиҳанд: раҳмдил, барнодил, қалби пурэҳсос, нармдил, сангдил. Дил танҳо як вазифа дорад, дигар ҳама хислатҳо марбут ба соҳибдилонанд.
Соҳибдилон, ки зодаи одаманд, меваи умрашон фарзанд аст. Тавлиди тифл барои падару модар беҳтарин доди Худост. Аввалин гиря, хандаи тифлона қалби волидайнро пур аз фараҳу шодӣ мегардонад. Қадамҳои нахустин бо пою дастони ларзон, ки ҳоло неру нагирифтаанд, ба падару модар тавон мебахшанд. Онҳо ба тифли худ муттако мешаванд, то шеваи роҳ рафтан омӯзад.
Замоне фаро мерасад тифл калон мешавад, нерую қувваи нав мегирад, дар роҳи зиндагӣ мустақил қадами устувор мемонад. Дар ин муддат падару модар, ки умри ҷавонашонро сарфи ба по рост мондани фарзанд карда буданд, ҳамакнун оҷизанду ниёзманди дасти мадад… Дар ин ҳолат ба ҷуз фарзанд магар дастгири дигаре метавон пайдо кард?
Хушбахттарин падару модар онҳое мебошанд, ки чунин фарзандро Худо барояшон ато кардааст. Аммо аз дасти фарзандони сангдил, бераҳму шафқат падару модарон дар пиронсолӣ ранҷу азоб мебинанд. Кош, ҳангоми тавлиди чунин фарзанд медонистанд, ки на тифли солим, балки офатро барои худ ба дунё овардаанд. Агар медонистанд…
***
Ин саҳар ба маркази пиронсолон омадани пиразани нуронӣ, ки дар даст танҳо як тугунча дошт, сардори марказро ҳайрон накард, зеро ба марказ пирону барҷомондагон ҳар гуна меомаданд. Якеро духтараш овардаю дигареро шахси савобҷӯйе аз сари роҳ ёфта, ин ҷо месупурд. Буданд пирони барҷомонда, ки барои халосӣ аз дасти фарзандони беинсоф ин ҷоро охирин сарпаноҳи худ медонистанд.
Баъдтар момои Гулистонро писару келинаш оварда буд. Гуфтанд, ки ба Россия мераванду баъди бозгашт модарро аз ин ҷо мебаранд. Дурӯғ гуфта буданд. Момои Гулистон ба мудир гуфт, ки онҳо ҷое нарафтаанду танҳо аз ӯ халос шудан мехостанд. Боре ҳам ба аёдаташ наомаданд.
Мӯйсафеди Аҳтамшо чанд сол ин ҷост. Писар бо фармони занаш падарро ин ҷо оварда, аз ӯ халос шудан мехост. Занаш аз нигоҳубини мӯйсафед, шустушӯйи либосҳои чиркинаш безор шудааст ва пеши шавҳараш шарт мегузорад: ё ман ё падар. Писар зани азизашро болотар донист, фаромӯш кард, ки ӯро маҳз падараш соҳиби хона, чунин зани олуфта карда буд.
Меҳмони навро, ки рӯйи дастони ларзон тугунча дорад, чӣ мушкилие ба ин ҷо оварда бошад? Мудир ӯро ба утоқ дароварда, рӯ ба рӯяш шинонд. Лаъличаи шириниро пешаш гузошта, пиёлаи чойро сӯяш дароз кард. Кампир пиёларо наздаш гузошта, бо нӯги рӯймол ашки чашмонашро пок мекард. Мудир, ки ин лаҳзаҳо барояш шинос буданд, хомӯширо беҳтар донист, то кампир ба худ ояд.
Ниҳоят кампир сарашро бардошта, ба мудир, ки саволомез ба ӯ менигарист, ба нақли саргузашти талхи худ оғоз намуд…
Шоиста бо шавҳараш зиндагии хушу гуворо дошт. Дар оила се духтар ба дунё омад, Худо ба онҳо писар надод. Зану шавҳари ҷавон аз ин доди Худо қонеъ буданду гулдухтарони худро тарбия мекарданд. Шоиста дар ҳаёти хеш камбудие надошт, то даме ки шавҳар болои сар буд. Шавҳараш дар тасодуфе ба ҳалокат расиду ҳама бори зиндагӣ ба дӯши Шоиста афтод. Зани бо дасту панҷа буд, чанд ҳунар дошт. Шабу рӯз кор мекард, то се духтараш бепадарии худро эҳсос накунанд. Талабгорони зани зебо зиёд буд, вале ба хотири духтарони ятимаш шавҳар накард. Бовар надошт, ки марди бегона ҷойи шавҳарашро мегираду духтаронашро падарвор меҳрубонӣ мекунад.
Ҳама даромади худро сарфи фарзандон мекард. Гули хӯрок, либосҳои пеши бозор насиби онҳо буданд. Ҳар се духтар қадрасу дилкаш мешуданд ва бо ҳаваси модарӣ онҳоро соҳиби хонаи обод кард. Ашки шодӣ мерехт аз бахти духтаронаш.
Аммо ашки шодӣ баъд ба сиришки ғаму андӯҳ табдил гашт. Модар бемор шуда, муддати зиёд дар бемористон бистарӣ шуд. Духтарон ба ҷойи модарро парасторӣ намудан нақшаи дигар кашиданд. Гумон доштанд, ки модар дигар ба по намехезад. Фурсатро ғанимат дониста, бо маслиҳати пешакӣ хонаро фурӯхтанӣ шуданд. Бо фиреб имзои модари дар бистари беморӣ беҳолу бемадор хобидаро гирифтанд. Маблағ, чизу чораи хонаи модарро бо ҳам тақсим карданд. Фақат як тугунчаро нигоҳ доштанд. Ин чанд тилловорӣ аз модарашон буд. Медонистанд, ки модарашон инро суроғ мекунад. Қарор доданд, ки баъди вафот он боигарии охирини кампирро ҳам тақсим мекунанд.
Аз зинда мондани кампир седухтарон хурсанд набуданд. Модар хоҳиш карда, ки ӯро ба хонааш баранд. Духтарони «дилсӯзаш» ба модар гуфтанд, ки хонаи танҳо ба ту чӣ даркор, бо навбат дар хонаи мо зиндагӣ мекунӣ. Модари баъди беморӣ бемадор ба чунин мададгору парастор ниёз дошт.
Бехабар аз он ки сарсонӣ, беқадрии ӯ акнун оғоз меёбад. Дар ягон хонаи духтараш модар намеғунҷид. Агар ягон набераашро танбеҳ доданӣ шавад, ба сараш фарёд мезаданд, ки ин хонаи ту нест, корат набошад, баромада рав аз ин ҷо. Ба хонаи кадом духтараш, ки равад, ҳамин муносибати дурушт, бетарафии фарзандонаш домангири ӯ буданд. Торафт эҳсос менамуд, ки миёни худиҳо бегона ва шахси зиёдатист. Аз хонаи духтараш Санавбар тугунча дар даст баромада, ин ҷо омад. Кампир бастаро рӯйи миз гузошта, гуфт, ки тиллою ҷавоҳирот, боигарии зиёд доштам, аммо тақдирро бинед, ки аз дасти фарзандон ба чӣ ҳол афтодаму ба ин даргоҳ омадам. Боқимонда меросашро гиранду дар маросими дафнаш сарф кунанд. Ин охирин васияти ӯ буд.
Кампири Шоиста то охирин рӯзаш дар як утоқ, бо холаи Сарвар зиндагӣ дошт. Холаи Сарварро писараш овардааст. Синни кампир, ба гуфти худаш, як кам навад будааст. Маълум шуд, ки писараш сарватманд, хонаи дуошёна доштааст. Кормандони марказ барқасди амали ноҷавонмардонаи писараш кампирро пеш аз марг ба хонаи ӯ бурда, супориданд.
Ҳоли кампири Шоиста бад мешуд. Мудир духтаронашро аз бемории модарашон хабардор кард. Мехост фарзандон пеш аз марг модари худро бубинанд, ҳарчанд боре ба аёдати ӯ наомада буданд.
Духтарон вақте омаданд, ки модарро ба хок супурда буданд. Сару либосашон шабеҳи азодорон набуд. Ранги лабу рухсора ва либосҳояшон медурахшиданду гӯё бо ҳам «ҷанг» доштанд. Мудир гумон кард, ки зебосанамҳо аз вафоти модарашон доду фиғон мекунанд, бахшиш мепурсанд. Аммо мижаи сурмазадаи онҳо хам нашуд. Гӯё дар мурдаи кампири Шоиста онҳо гунаҳгор бошанд, фарёд бардоштанд, ки куҷост тилловории модарашон. Мудир акнун фаҳмид, ки онҳо барои чӣ омадаанд. Ӯ тилловориро, ки барои қабулаш суратҳисоб тартиб дода шуда буд, нишон дод. Фармуд, ки шуморанд. Бо гирифтани забонхат тилловориро ба духтарон супурд. Онҳо сипосгузориро ҳам фаромӯш карда, баромада рафтанд.
Мегӯянд, ки дар қалби духтар нисбат ба писар меҳру шафқат, инсофу дилсӯзӣ бештар аст. Агар риштаи мухаббат канда шавад, ҳар ду баробаранд, чун ин духтарон.
Баъди аз дар берун шудани духтарон мудир суханони кампири Шоистаро, ки борҳо такрор мекард, ба хотир овард: Шояд дар тарбияи онҳо хатоӣ аз ман гузашта бошад? Умри ҷавон, ҳунарамро сарф кардам, то ки духтаронам дар зиндагӣ ба мушкилие гирифтор нашаванд. Эрка калон шуданд, бо азоб нон ёфтанро намедонистанд. Ҳама чиз барояшон муҳайё буд, то соҳиби хонаи обод гаштан…
Дили мудир ба ҳоли кампири Шоиста сӯхт ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Духтарони ӯ чизпараст калон шуданд ва ин хислати ҳарисӣ ҳамқадами онҳо гардид.
Дуои модар роҳнамо, баракат дар зиндагии фарзанд аст. Аммо оҳи дили кампири Шоиста, ки то дами вопасин чашминтизори фарзандонаш буд, ба ин сангдилҳо чӣ андоза гарон меафтода бошад?
Аъзам МӮСОЕВ