Табиати ноҳияи Сангвор дар ҳақиқат зебост. Хоса дар фасли баҳор манзараҳои дилрабои он дили бинандаро аз фараҳ лабрез мегардонад.
Кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия бо мақсади рушди соҳа соли равон дар 19 гектар 2,4 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда ва сояафкан шинониданд. Инчунин бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории ҷангал, олами набототу ҳайвонот дар минтақаҳои ҷангалпарварӣ ва роҳҳои автомобилгарди ноҳия лавҳаҳои тарғиботӣ гузошта, ба ҳамин мазмун дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.
Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки нақшаи даромади солонаи хоҷагии ҷангали ноҳия 130 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки дар даҳ моҳи соли равон онро аз 80 фоиз зиёдтар иҷро кардаанд. Аз ҷониби кормандони муассисаи мазкур 29 санад, аз ҷумла 11 адад нисбат ба вайронкунандагони ҷангал, 6 санади шикор ва 12 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 9967 сомонӣ ҷарима ба суратҳисоби муассиса ворид карда шуд.
Дар муассисаи мазкур як хоҷагии ёрирасон амал мекунад, ки дорои 213 сар чорвои майда, 12 сар асп ва 100 қуттӣ оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад. Масъулин тасмими ҷиддӣ доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда фаъолияти хоҷагии ёрирасонро хубтар ба роҳ монанд. Инкишофи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар ин минтақа душвор нест. Танҳо ба мардони заҳматталаб иртибот дорад, ки бо завқу рағбат ба ин касб дил банданд ва шумораи оилаи занбӯри асалро зиёд намоянд. Илова бар ин, чарогоҳҳои сералафи диёр барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла асппарварӣ, мусоид аст.
Ёдовар бояд шуд, ки дар кӯҳҳои пур аз муъҷизаи Сангвор беш аз 250 намуд растаниҳои шифобахш ба ҳисоб гирифта шудааст. Истифодаи самараноки ин сарвати табиӣ низ метавонад ба буҷаи муассиса даромади иловагӣ ворид намояд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»