Дар Сангвор ба масъалаи пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо ва ҳидоятгари ҳамешагии заҳматкашон буда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ободкорӣ бо низоми муайян роҳандозӣ шавад. Бо ин мақсад аз ҷониби масъулин тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода иброз намуд, ки ҳафтод фоизи мардум бевосита ба кишоварзӣ машғуланд. Рушди соҳа имконият фароҳам меорад, ки сокинон, дар баробари истеҳсоли маҳсулоти зиёд ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, барои хонавода зиндагии шоистаро таъмин намоянд.
Соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 1537 гектар ғалладона, 1117 — картошка, 211 — сабзавот, 48 — зағир, 4 — полезӣ ва 14 гектар хӯроки чорво кишт карда, 18 гектар боғи нав бунёд намуданд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 12,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 202 ҳазору 600 сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, 616 тонна гӯшт, 1504 тонна шир ва 721 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид.
Сангвор яке аз минтақаҳои зеботарини кишвар буда, диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамояд ва дар он ёдгориҳои таърихӣ низ кам нестанд. Иқлим, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффофи диёр барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошанд. Рушди сайёҳӣ метавонад ба пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъмини шумораи зиёди сокинони он мусоидат кунад. Парки миллии Тоҷикистон дар Сангвор 306,6 ҳазор гектарро фаро гирифта, дар он шароити хуб барои сайёҳони дохилию хориҷӣ муҳайёст ва вобаста ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар он хуб ба роҳ монда шудааст. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани 102 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзиш, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ ба нақша гирифта шуда, то ба ҳол 51-тоаш мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дарвоқеъ, сол то сол дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат ва меҳнати самимонаи сокинони ҷумҳурӣ шаҳру деҳоти мамлакат ба гулистони ҳақиқӣ табдил ёфта истодааст. Дар Сангвор низ ин ҳолатро хуб дарк кардаанд ва мароми мардум танҳо бунёдкориву созандагист. Аз ин рӯ, бо мақсади рушди ҳама соҳа меҳнат карда, итминони комил доранд, ки дар ояндаи наздик ба қатори ноҳияҳои пешрафтаи мамлакат ворид хоҳанд шуд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»